Formula novemver 2024
Мўйсафеди оҳанхӯр велосипедро хӯрду...
04.01.2025
ОИЛА.ТҶ
808

Нафақагири 80-солаи сербиягӣ Бранко Крногорач бо хўрдани ашёҳои металлӣ кайҳо ном баровардааст. Ба наздикӣ ин шуғли мўйсафед ўро ба ҳуҷраи ҷарроҳон бурд.

Бранко бо дўстонаш шарт кард, ки дар се рўз велосипедашро хўрда тамом мекунад. Аввал ҳамааш хуб буд, вале вақте пиракӣ ба хўрдани педалҳои дучарха сар кард, як қисмати онро хӯрда нафасгир шуд.

Акнун мўйсафед аз хўрданиҳои «лазиз» даст мекашад, чунки системаи ҳозимааш мисли солҳои пеш тоби бардошти вазниниро дигар надоранд.

Шуъбадабози сербиягӣ дар 60 соли «карера»-и аҷибаш 25000 фурўзонак, 1200 чангак, 2000 қошуқ, 2600 тақсимча ва ҳазор адад пластинкаҳои винилиро хўрдааст.

Табибон дар натиҷаи ҷарроҳӣ аз меъдаи мўйсафед 2 килограмм оҳанҳои гуногун ва 2 ангуштарии тиллоро берун овардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД