Arzon march 2024
Муҳтоҷи меҳр (ҚИСМИ 1)
22.07.2024
АРДАШЕР
1751

- Ассалому алайкум,- бе тақ-тақ ба дари утоқи кушода сар халонда, салом доданд як зану як марди 35-40 сола. Муаззама, мудири хонаи пиронсолон, ки машғули навиштан буд, сарашро каме боло бардошта, аз зери айнак ба меҳмонон нигарист.

- Марҳамат, биёед, чӣ хизмат? Барои дидорбинии пиронсолон омадед? Эҳ, бахшиш ба ин ҷо барои дидорбинӣ намеоянд-ку. Танҳо падар ё модарашонро оварда месупоранду ҳатто мурдаашро соҳибӣ намекунанд. Э вой,- мудир оҳи чуқуре кашида, суханашро идома дод:

- Падаратонро овардед ё модаратонро? Ҳардуяшонро гӯед!- ба суоли худ ҷавоб дод зан.

Орзу, ки бо ташвиқу "раҳнамоӣ"-ҳои завҷааш падарашро ба хонаи пиронсолон оварданӣ буд, аз ин муносибати Муаззама каме дасту по хӯрда, "вай... вай ..." гуфту монд. Дар назди як зан ин лаҳза ғурури мардияш поймол шуд...

Муаззама зани орому ботамкин бошад ҳам, гоҳ-гоҳ асабӣ мешуд. Дидани чеҳраи аз меҳру муҳаббати фарзандону пайвандон ҷудои бошандагони хонаи пиронсолон ӯро ғамгину афсурда мекард. Аз пайвандон, хоса фарзандони онҳо сахт асабӣ мешуд, ки ба қадри волидони худ нарасида, онҳоро ба чунин ҷойҳо (хонаи пиронсолон) меоранд.

Гулноза - завҷаи Орзу забонхойии шавҳарашро дида, ба гап ҳамроҳ шуд:

- Мардак, чаро шаф-шаф мекунед?

Зан ба мудири хонаи пиронсолон нигоҳ карда, гуфт:

- Пӯсткандаи гап ҳамин, мо зану шавҳар маслиҳат карда, ба хулосае омадем, ки хусурам, яъне падари ин касро ба ин хонаи истироҳату фароғат ҷой кунем.

- Ҳмм... Ба хонаи истироҳату фароғат гӯед! Хуб! Сабаб чӣ бошад, ки падари бузургвори хонадон дар хонаи бунёдкардаи худ наосуданду нағунҷиданд?,- қаламу коғазро як тараф монда, ба муроҷиаткунандагон рӯй овард Муаззама.

Гулноза ба мудир теғ кашида нигаристу гуфт:

- Сабаб дар он, ки муаллимаҷон, ману хусурам дар хона танҳо мемонем. Дар хона танҳо мондани як зану як мард айб аст. Дар байни як зану мард севумӣ шайтон аст гуфтаанд. Ғайр аз ин, он кас мисли хушдоман ба ҳар кори ман гап мезананд, эрод мегиранд. Мисли кӯдакон либосҳояшонро чиркин мекунанд. Аз шароити барояшон муҳайёкарда ҳам норозӣ. Хуллас, рӯз аз рӯз бо он кас зери як бом зиндагӣ кардан барои мо душвортар шуда истодааст.

- Дар хона танҳо мондани хусуру келин, ки он келин барои мӯйсафед мисли духтараш аст, айбу ба хонаи пиронсолон овардани мӯйсафед айб не-а?! Замона ҳам аҷоиб шудааст, ё дигар шудааст, ки имрӯз "айб"-ҳо ҳам тағйир ёфтаанд...

Муаззама дигар чизе нагуфт, лаҳзае утоқро хомӯшӣ фаро гирифт. Орзу ҳам лом нагуфта, бо сари хам менишаст. Дилаш барои ба хонаи пиронсолон овардани падараш ғаш буд.

Ҳамин замон Муаззама миёни сукутро шикаста, аз нав ба гап даромад:

- Хуб, ҳамааш фаҳмо, вале бояд пеш аз хусуратонро ҷой кардан ба якчанд саволҳои ман ҷавоб диҳед.

- Марҳамат, чӣ саволе бошад, диҳед. Хусурам ба ҳамин макон ҷой шаванд, шуд. Ҳамин тавр не, мардак?,- Гулноза шавҳарашро нихта карда монд.

Орзу ҳамоно хомӯш буд...

Муаззама ба Орзуву Гулноза як-як нигаристу худ ба худ гуфт: “Тавба, тавба чихел замон шудааст? Ин мардро бинанд-а, падарашро ба хонаи пиронсолон меораду пинакаш вайрон намешавад. Ин ҳама таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ё филмҳои хориҷӣ? Намедонам! Тавба... тавба...".

Муаззама баъди лаҳзае ба келинчак рӯй оварда, пурсид:

- Келин, падару модаратон зиндаанд?

- Шукр, ки ҳар дуяшон зиндаву саломат. Давлати пирӣ ронда гаштаанд.

- Ҳм..., мад кашида, боз пурсид мудир:

- Дар хонаатон келин ҳаст?

- Бале, якто не, ду келин.

- Шумо дар хона як духтар? Апа ё хоҳар надоред?

- Ҳа, ман як духтар. Як духтари эрка. Ҳа-ҳа-ҳа...,- Гулноза якбора қоҳ-қоҳзанон хандид, вале чеҳраи ҷиддии мудирро дида шарм дошт ва...

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД