Sebiston new 2024 october
Муслима Қодирова ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуду...
807


13 сол аст, ки қисме аз модарони тоҷик фарзандонашонро бо суруди “Алла”-и Муслима Қодирова хоб мекунанд. Суруди мазкур дар давоми 13 соли охир аз ҷумлаи сершунавандатарин тарона ба шумор меравад.

“Алла”-и пурсӯзу гудози Муслима, ки дарди дили садҳо модари тоҷикро муаррифӣ мекунад, тавонист ба овозхон ном диҳад, муаррифӣ кунад, ҷойгоҳашро муайян намояд.

Азбаски ҳамкасбони мо хеле зиёд шуд ба суроғи кору пайкори ҳунарманди хушсадо ва маҳбуб Муслима Қодирова нарафтаанд, бо умеди бохабар шудан аз навигариҳои ҳаёту кораш, тавлиди аҷиби суруди “Алла”, садамаи ногаҳонӣ, муҳимияти дониши назариявӣ доштани овозхонҳо, умри маҳсули эҷоди ҳақиқӣ ва умуман пайраҳаи ноҳамвори тайнамудааш бо ӯ суҳбат кардем.

Муслимабону, феълан банди кадом корҳо ҳастед?


  • Ҳам саломатиамро барқарор карда истодаам ва ҳам пайи корҳои эҷодӣ ҳастам.


- Бемор будед?
- Чанде пеш садамаи нақлиётӣ кардем. Дасту поям шикаст, муддати шаш моҳ дар беморхонаву хонаам табобат гирифтам, ҳоло ҳам давраи барқароршавӣ идома дорад.
- Пурратар дар бораи садама метавонед гӯед?
- Сари чанбарак додарзодаам нишаста буд, ногаҳон мошине ба мошини мо зад. Шукр, талафоти ҷонӣ набуд. Ҳамин қадар кифоя аст ба фикрам, зеро мавзӯи хуб нест.
- Хуб, нахоҳед мавзуъро иваз мекунем. Ду суруди охири шумо “Очаҷон” ва “Аламҳои дилам” ба қалби нозуки шунаванда, хусусан нафароне, ки дар дил ғам доранд, таъсири сахт мерасонанд. Чаро чунин сурудҳои пурдарду алам месароед?
- Аҳамият дода бошед, садои ман худаш дард дорад. Азбаски дарди дили мардумро тараннум мекунам, бояд мавзӯъ ва услуби хонданам чунин бошад. На танҳо ду суруди охир, аксари сурудҳои ман чунинанд.
- Сурудҳои мазкур ба ҳаёти шахсиатон дахл доранд?
- “Аламҳои дилам” ба ҳаёти шахсиам дахл дорад. Аксаран аз эҳсоси нороҳатӣ, ноҷӯрӣ, номусоидӣ ва дилтангӣ азият мекашам. Суруди “Оча” бошад, бо дархости як шахси қадрдону маъруф, ки аз дӯстонаш шикаст хӯрдааст, эҷод гардидааст.
- Шумо аз ҷумаи сарояндагоне ҳастед, ки дар ин соҳа диплом доранд. Оё барои овозхонӣ диплом муҳим аст?
- Албатта, доштани диплом пеш аз ҳама бовариро ба худ меафзояд ва маъноеро дорад, ки дар ин соҳа тасодуфӣ нестӣ. Овозхоне, ки дар мактаби олӣ таҳсил кардааст, бо дилхоҳ одам, ҳатто бо оҳангсозу шоир баҳс мекунад, зеро пешаашро медонад ва ҳамеша мекӯшад, ки маҳсули эҷодаш касбию бенуқс ба гӯши шунаванда бирасад.
- Ба овозхонҳое, ки маълумоти олӣ надоранд, чӣ гуна муносибат мекунед?
- Бадбахтона, ҳоло дар ҷомеаи мо сароянда шудан бисёр осон шудааст. Ба қавле як нафарро аз пешхидматӣ пеш мекунанд, овозхон мешавад. Каси дигарро шавҳараш ҷавоб медиҳад, овозхон мешавад. Сеюмӣ агар то дирӯз бо сурудҳои флеш-корте мерақсид, имрӯз худро сароянда муаррифӣ карда, баробари он сурудҳо лабонашро меҷумбонад. Ман чунинҳоро эътирофу эҳтиром намекунам, зеро дар баробари худ номи мову соҳаро паст мекунанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки дар миёни ҳунармандони мо гулҳои худрӯй низ кам нестанд.
-Аксари сарояндагон пас аз маъруф шуданашон либосҳояшонро дигар мекунанд, аммо шумо бо вуҷуди солҳо дар саҳна будан боз ҳам рӯймол дореду куртаи тоҷикӣ. Барои чӣ худатонро иваз накардаед?
- Ман тоҷикам, тоҷик буданамро бо забону либосам нишон медиҳам. Зиёда аз даҳ сол аст, ки рӯи саҳнаи калонам ва дар ин муддат ягон маротиба дар фикри иваз намудани имиҷ, махсусан, либоси миллиро ба либоси аврупоӣ набудам.
- Овозхонӣ барои зан душвор нест?
- Шояд барои бархе душвор набошад, аммо барои ман сахт душвор аст. Ва барои ҳар каси дигар, ки дар санъат тоза мегардад ва тоза мемонад, ин пеша ноҳамвории зиёд дорад. Ман танҳо бо меҳнати ҳалол зиндагиамро пеш мебарам ва аз касе чизе интизор нестам. Ҳамин дастнигари касе набудану танҳо бо умеди худ гаштан дар ҳолатҳои гуногун вазнинӣ меорад.
- Ба фикри шумо чаро пушти номи сарояндагон махсусан занҳо бисёр гап мекунанд?
- “Офтобро бо лаби доман пушонида намешавад”. Агар пас аз пешхидматӣ ва ҷудо шудан аз шавҳар ба ин соҳа биёиву номи худу соҳаро паст кунӣ, ҳатман чунин суханҳо пайдо мегарданд.
- Дар роҳи санъат кадом душвориҳоро паси сар кардед?

- Пайроҳаи тайкардаи ман хеле ноҳамвор аст. Шебу фарозҳои зиёд дорад, вале шукр ҳамааш пушти сар шуд. Барои мисол, ман аз рӯзҳои аввали ба мактаби олӣ қадам мондан дар азобу хиҷолат будам, зеро бо пойафзоли дарида ба дарс меомадам, дар маҳфилҳои гуногун баромад мекардам.

- Агар гӯем, ки шуморо суруди “Алла” миёни мардум шиносонд хато намекунем. Оё бовар доштед, ки он “хит” мешавад?
- Бовар доштам. Ҳар суруде, ки ба худам маъқул шавад, дарк мекунам, ки “хит” мешавад. Пеш аз сабти намоҳанги таронаи мазкур ба таҳиягарон гуфта будам, ки бояд ҳамин суруд маро миёни мардум шиносонад ва шукр, ҳамин тавр ҳам шуд.
- Дар таҳияи он чанд сомонӣ ё доллар сарф карда будед?
- Шояд бовар накунед, вале ҳамагӣ сад сомонӣ сарф кардаам.
- Суруди “Алла”-ро бисёриҳо бозхонӣ карданд, ҳатто бо садои шумо мардум кӯдакҳояшонро хоб мекунанд. Оё метавонед боз ягон суруди ба вазни суруди “Алла” баробарро эҷод намоед?
- Бале, умеду бовар дорам. Ҳоло болои як матни хеле хуб кор карда истодаем ва мекӯшем, ки суруди мондагоре пешниҳод намоем.
- Аз кай фаҳмидед, ки бояд сароянда шавед, оё волидонатон зид набуданд?
- Аз кӯдакӣ фаҳмида будам. Вақте ки дар “Андалеб” баромада кардам, устод Амирбек Мусоев пешниҳод намуданд, ки пас аз хатми мактаби миёна таҳсиламро дар Консерваторияи миллӣ давом диҳам. Ҳамин тавр, ҳуҷҷатҳоямро ба мактаби олӣ супурда, онро бо муваффақият хатм кардам. Дар аввал падарам розӣ набуданд, вале модарам ӯро розӣ кунонданд. Чун модарам худашон орзуи овозхон шуданро доштаанду падарашон монеа шудаанд, маро дастгирӣ карданд. Аммо пеши ман шарт гузоштанд, ки аз гапашон набароям ва ҳамеша тоза гардам.
- Ягон маротиба фикр кардед, ки дигар овозхонӣ накунед?
- Чунин фикрҳо сад маротиба кардаам. Ҳолати имрӯзаро дида, дилсард мешавам. Баъзе ноҳурматиҳоро мебинам, мегӯям Ҳаҷ рафта ояму дигар аз болои ҷойнамозу Қуръон нахезам, вале дилам ба санъат месӯзад ва наметавонам аз ин соҳа ҷудо шуда.
- Агар одами таъсиррасон шавед, чӣ кор мекунед?
- Санъатро тоза мекунам, шояд ҳамагӣ 13 сароянда монад.
- Чаро бо овозхонҳои хориҷӣ дуэт намехонед?
- Намехоҳам.
- Чаро консерти яккаи худро барпо намекунед?
- Ҳоло барои консерт додан омода нестам.
- Мухлисонатон аз шумо чӣ интизор шаванд?
- Сурудҳои навро.

Мусоҳиб
Сино ТОҲИРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД