Formula novemver 2024
МУРОД ВА ИМОН БА НАЗДИКӢ СОҲИБИ ФАРЗАНД МЕШАВАНД
2461

 

Мурод Йилдирим, ҳунарманд ва модели 41-солаи турк ва ҳамсараш Имон Элбанӣ, ҳунарпеша ва модели 32-солаи марокашӣ ба наздикӣ соҳиби фарзанд хоҳанд шуд. Дар ин бора хабаргузории “Кинотека” бо такя ба рӯзномаи “Hürriyet” хабар додааст.

Тифли батни Имон ҳанӯз ду моҳа аст. Оилаи ҷавон ин хушхабарро расонаӣ кардани нестанд ва танҳо ба наздикону пайвандони худ муждагонӣ додаанду халос. Қаблан ҳам Имон ҳомиладор шуда буд ва аз хурсандии зиёд хабарро расонаӣ ҳам карда буданд, вале моҳи сентябри соли гузашта тифли батнаш афтиду орзуҳои зану шавҳари ҷавон барбод рафт. Баъди табобат ва интизории тӯлонӣ, онҳо дубора соҳиби фарзанд шуданд. Ба ҳамин хотир, ин навбат қарор додаанд, ки то таваллуди тифл дар ин бора чизе намегӯянд. “Мурод хабари ҳомиладории ҳамсарашро шунида, аз шодӣ ба осмони ҳафтум баромадааст”,-навиштааст, хабаргузории “Кинотека”.

 

Мурод Йилдирим соли 2008 бо ҳамкасби худ Бурчин Терзиоғлу издивоҷ карда, то соли 2014 зиндагии муштарак доштанд, вале соҳиби фарзанд нашуданду аз ҳам ҷудо гаштанд. Дубора 25-уми декабри соли 2016 бо “Зебосанами Марокаш” Имон Элбанӣ оила барпо кард ва ҳарду якҷоя хушбахтанд. Муродро дар Тоҷикистон бо шарофати нақши Саваш Балдар аз силсилафилми “Муҳаббат ва ҷазо” (“Любовь и наказание”) мешиносанд.

Ӯ ба рӯйхати 10-гонаи зеботарин ҳунармандони турк шомил буда, дорандаи ҷоизаи “Афлесуни тиллоӣ” мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД