Arzon march 2024
МУРДАОВЕЗӢ ДАР ҲИРОТ: БОРИ АВВАЛ ТОЛИБОН ЧОР МУРДАРО ДАР “КРАН” ОВЕХТАНД.
2119

 

Шабакаи телевизионии TOLOnews хабар медиҳад, ки ҷагҷӯёни гурӯҳи “Толибон” рӯзи 25-уми сентябр ҷасади чор нафар одамрабоёнро дар дастаҳои “крани борбардор” овехтаанд.

Ин чор мард, хостаанд, то як соҳибкори маҳаллиро бо кӯдакаш бидузданд, аммо ҳангоми амалиёти озодкунӣ парронда шудаанд.

Мақомоти шаҳри Ҳирот гуфтаанд, ки овехтани ҷасадҳо дар “Кран” барои он аст, ки мардум дарси иборат бигиранд.

Соҳибкори наҷотёфта ва писараш нахостаанд, TOLOnews сӯҳбат кунанд, аммо наздиконаш гуфтаанд, ки ӯ соҳиби ма0озаи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ аст, ва сабаби муҷодала низ ҳамин аст.

Одамрабоӣ дар Ҳирот ба мушкилии ҷиддӣ табдил ёфта буд. Ҳафтаи гузашта нерӯҳои Толибон дар шаҳри Ҳирот тавонистанд, як кӯдаки ноболиғро аз одамрабоён наҷот диҳанд.

Қаблан Фарғона хабар дода буд, ки ки намояндаи баландпояи “Толибон” Мулло Нуриддин Туробӣ хабар додааст, ки нияти ба расмият даровардни ҳукми қат ва дастбуриро доранд. Чунин амалҳоро “Толибон” солҳои 1996-2001 ҷорӣ карда буданд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД