Дар бадали ду рӯзи охир се инсони бегуноҳ ба таври фоҷиавӣ ин дунёро падруд гуфтанд. Муҳаббатқул, Гулмира ва Ҳасан дар дилҳои худ орзуву ҳавасҳои зиёде доштанд, аммо...
Субҳи 9-уми феврал, тахминан соатҳои 9:30 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Самандаров Ҷобир Собирҷонович, сокини деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада ба скутер бархӯрд. Скутерсавор Муҳаббатқул Ҷумъаеви 64-сола дар натиҷаи ин садамаи хунин захму ҷароҳатҳои зиёде бардошта дар беморхона ҷон ба ҷонофарин супурд.
Он рӯзи наҳс боз як ҳодисаи дигари нохуш сар зада, боиси ҳалокати як ҷавонзани 36 солаи тоҷик ва ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ бардоштани ду зани дигар гашт. Ин садамаи марговар дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд сар зада, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра” Гулмира Ғаниевна, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада ба ЗИЛ бархӯрд. Ин садамаи фоҷиабор ҷони ҷавони Гулмираро рабуда, ҳамроҳонаш, хоҳарон Хуршеда ва Умеда Муродоваҳо бо захму ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шуданд.
Садамаи сеюми марговар дар Кӯшниён ба вуқуъ пайваста, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра” Ҳоҷаев Толибшоҳ ҳангоми ҳаракат ба самти деҳаи Комсомол велосипедсавор Бобоев Ҳасани 52-соларо пахш мекунад. Мутаасифона, дар роҳ ба сӯйи бемористон мард аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш ҷон дод.