Arzon march 2024
Муҳоҷиронро чӣ интизор аст?
856

Федератсияи Россия сиёсати муҳоҷиратии худро тағйир дода, ба як қатор қонунҳои муҳоҷиратиаш, ки тартиби ба қайдгирӣ, будубош ва ҷалби шаҳрвандони хориҷиро ба фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Россия муайян мекунанд, дигаргуниҳо ворид намудааст. Тағйиротҳои нав ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик чи гуна таъсир мегузоранд?

Дирӯз дар ҳукумати Россия зимни як ҷаласаи стратегӣ, ки дар он масъулини вазорату идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомдорон иштирок доштанд, Сарвазири кишвар Михаил Мишустин масъалаи муҳоҷирон ва муҳоҷирати меҳнатиро ба миён гузошт.

Таъкид шуд, ки ҷинояту ҷинояткорӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад. Аз ҳамин хотир, Федератсияи Россия сиёсати муҳоҷиратии худро тағйир дода, ба тартиби қабул, ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ дар Россия дигаргуниҳо ворид мекунад. Ҳозирин ҷузъиётҳои асосии сиёсати нави муҳоҷиратии Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ин тағйиротҳо кадомҳоянд?

  1. Системаи идоракуниии равандҳои муҳоҷиратӣ дар Федератсияи Россия куллан ба шакли рақамӣ мегузарад. Ин чунин маънӣ дорад, ки минбаъд тамоми маълумотҳо дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ва корфармоёнашон ба реестри электронӣ дохил карда мешаванд.
  2. Минбаъд алоқаи мақомотҳои далхдори Федератсияи Россия бо шаҳрвандони хориҷӣ дар формати онлайн сурат хоҳад гирифт.
  3. Бо мақсади таъмини бехатарии сокинони маҳаллӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ назорат аз болои шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Россия кор ва зиндагӣ мекунанд, пурзӯр карда мешавад.
  4. Масъалаи мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба муҳити фарҳангии Россия ва эҳтиром нисбат ба забон ва анъанаҳои мардуми маҳаллӣ дар маркази диққати мақомотҳои муҳоҷиратӣ қарор мегирад. Ин чунин маънӣ дорад, ки агар муҳоҷир забони русиро надонад ва нисбати мардуми маҳаллӣ беэҳтиромӣ зоҳир намояд, дар қаламрави Россия кор ва зиндагӣ карданаш душвор хоҳад гашт.

Ҳадаф аз ворид намудани тағйиротҳои нав ба қонунҳои муҳоҷиратӣ ва тартиби буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Россия мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, назорати зисту зиндагӣ ва фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон ва таъмини бехатарию осоиши сокинони маҳаллӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД