Маркази захиравии муҳоҷирон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳушдор додааст, ки аз бо худ бурдани ҳазориспанд ба Русия худдорӣ намоянд, зеро тибқи қонунгузории Федератсияи Русия ҳазориспанд ба рӯйхати гиёҳҳои дорои моддаҳои нашъаовар дохил карда шуда, истифода ва интиқоли он боиси ҷавобгарӣ хоҳад гашт.
Ёдрас мешавем, ки ҳанӯз моҳи феврали соли 2024 дар Русия ҳазориспанд ба рӯйхати растаниҳои дорои маводи мухаддир ворид карда шуда, нигоҳдорӣ, истифода ва интиқоли он қонунан манъ шуд. Тибқи моддаи 231-и Кодекси ҷиноятии Русия барои харидуфурӯши ғайриқонунии ҳазориспанд ва интиқоли он то як миллион рубли русӣ ҷарима ва ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Шаҳрвандони хориҷиро барои бо худ ба Русия бурдани ин растанӣ аз қаламрави Русия ихроҷ - депортатсия карда метавонанд.