Хисравшоҳ Маликов ва Зоҳиршоҳ Ҳасанов - ду муҳоҷири қаҳрамони тоҷик, ки ҳангоми сӯхтор дар як фурӯшгоҳи Бошқирдистони Русия ду зани маҳаллиро аз байни алангаи оташу дӯд зинда берун оварданд, чӣ тавр рӯй додани ҳодисаро ба расонаҳо нақл кардаанд.
Сӯхтор дар фурӯшгоҳи “Солнечний”-и Стерлитамаки Бошқирдистон рӯзи 22-юми сентябр сар зада, бар асари ин ҳодисаи нохуш 4 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 18 нафари дигар захмӣ шуданд.
Хисравшоҳ Маликов зодаи ноҳияи Айнӣ буда, дар як сохтмон кор мекардааст ва рӯзи сар задани ҳодиса ба хӯрокхӯрӣ рафта, шоҳиди сӯхтор гаштааст.
Тавре худи Хисравшоҳ зимни суҳбат бо журналистон гуфтааст, оташ тамоми биноро ба пуррагӣ фаро гирифта буд ва як зан худро аз ошёнаи дуюм ба замин ҳаво додааст, ду зани дигар дар ошёнаи сеюм доду фиғон карда, кумак мепурсиданд, аммо аз тарси он ки лӯлаи газ ҳамин замон ё замони дигар мекафад, касе ба бино наздик намешуд. Хисравшоҳ Маликов бо дидани ин манзара зуд ба имдод шитофта, аз як ронандаи “Газел” хоҳиш кардааст, ки мошинашро ба девори бинои сӯхтаистода наздиктар барад ва чолокона болои мошин баромада, аз он ҷо бо нардбон ба ошёнаи сеюми бинои сӯхтаистода баромадааст. Ҳамин тавр, муҳоҷири дигари тоҷик Зоҳиршо Ҳасанов, ки зодаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ду зани маҳаллиро, ки байни оташу дуд монда буданд, бо нардбон ба поён фаровардааст. Баробари занҳоро аз ошёнаи сеюм фаровардани муҳоҷирони тоҷик шишаҳои хонае, ки ин ду зан он ҷо буданд, таркидаанд.
Муҳоҷирони тоҷик гуфтаанд, ки дар фикри қаҳрамонӣ нишон додан набуданд, онҳо танҳо хостанд қарзи инсонии худро иҷро карда, ба одамоне, ки байни алангаи оташу дуд монда буданд ва ҳар лаҳза ҷони худро аз даст дода метавонистанд, кумак расонанд.