Arzon march 2024
Муҳоҷирони тоҷик ба Корея муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд
620

Байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозаи кор ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар телеграм хабар додааст.

Вазорат бо нашри чанд акс аз ҷараёни вохӯрии дуҷониба хушхабари ба имзо расидани ёддошти тафоҳумро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҷиҳати фиристодани неруи корӣ ба ин кишвар расонидааст.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ҳанӯз соли 2023 ба низоми иҷозаи кори Корея ворид шуда буд. Тибқи ҳуҷҷатҳои қаблан ба имзо расида, интиқоли қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея аз соли 2025 оғоз меёбад.

Яке аз шартҳои муҳими муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин кишвар донистани забони куриёӣ мебошад. Бо мақсади омода намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор дар Корея дар Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони куриёӣ ташкил карда шудаанд. Муҳоҷирони тоҷик малакаи касбии худро дар курсҳои касбомӯзӣ барои калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон такмил дода, барои кор дар хориҷи кишвар омода шуда метавонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД