Муассисаи давлатии Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини муҳоҷирони тоҷик бо ҷойи кор самтҳои нави муҳоҷирати меҳнатиро ҷустуҷӯ карда, муҳоҷиронро ба кишварҳои хориҷӣ мефиристад.
Бо ташаббуси МД Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Болгария фиристода мешаванд.
Муҳоҷирони тоҷик дар Болгария дар бахши бастабандӣ дар анборҳо (упаковщик на складах) кор хоҳанд кард.
Музди миёнаи меҳнат 1150 евро буда, ҷойи хоб ройгон аст, ҳамчунин ба муҳоҷирон як рӯз як маротиба хӯроки гарм дода мешавад. Хоҳишмандон дар давоми аз 20 то 60 рӯз сафарбар карда мешаванд.
Барои номнавис кардани худ муҳоҷир бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
Файл - 1 дона;
Расм - 2 дона, андозаи 3х4;
Нусхаи шиносномаи тоҷикӣ;
Нусхаи шиносномаи хориҷӣ;
Маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
Маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва номнавис кардани худ шумо метавонед ба МД Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121 воқеъ гаштааст, муроҷиат намоед.
Телефонҳо барои тамос: 225-05-75 ва 225-08-33