Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия як фармони президенти ин кишвар Владимир Путинро дар бораи муҳоҷирон шарҳ додааст.
Фармони мазкур рӯзи 30-юми декабри соли 2024 ба имзо расида, тибқи он, шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд, бояд ҳарчи зутар ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароварда, кору фаъолияташонро қонунӣ гардонанд ё аз қаламрави ин кишвар берун шаванд. Барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо танҳо то охири моҳи апрели соли 2025 муҳлат дода шудааст.
Муҳоҷирони меҳнатие, ки мехоҳанд кору фаъолияти худро дар Русия идома диҳанд, бояд то охири моҳи апрели соли 2025 худро дар идораи муҳоҷират сабти ном намоянд, иҷозаи истиқомат бигиранд, қайди макони зист ва суғуртаи тиббӣ дошта бошанд, маълумотҳои биометрии худро пешниҳод созанд ва имтиҳонҳои пешбинишударо супурда, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва таъриху ҳуқуқи Русияро бигиранд. Муҳоҷирон ҳамчунин набояд аз пули телефону пардохти ҷарима ва хадамоти дигари давлатӣ қарздор бошанд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ин санадро шарҳ дода, гуфтааст, ки ин фармон афв нест, вале дар сурати дуруст татбиқ шуданаш, барои баъзе муҳоҷирон имконияти хуберо барои танзими вазъи ҳуқуқиашон ба вуҷуд меорад.
Талаботи мазкур ба шахсоне, ки барои хидмати ҳарбӣ дар Русия қарордод бастаанд, дахл надорад.
Ёдрас мешавем, ки пештар рӯйхати 120 ҳазор зодаи Тоҷикистон нашр шуда буд, ки дар қаламрави Русия ягон қонуншиканӣ кардаанд ва ба онҳо ихроҷ таҳдид мекунад.