Formula novemver 2024
Муҳоҷирон русиро фаромӯш кардаанд ё онҳоро қасдан аз имтиҳон намегузаронанд?
687

Ба ҳамагон маълум аст, ки барои гирифтани патент ва кор дар Русия муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз 3 фан-забони русӣ, таърихи Россия ва ҳуқуқ имтиҳон супоранд. Дар се моҳи охир шумораи муҳоҷирони меҳнатие, ки аз имтиҳон нагузаштанд, якбора 34 баробар зиёд шудааст. Дар ин бора tsargrad.tv дар такя ба Вазорати маориф ва илми Россия хабар додааст.

Аҷибаш он аст, ки маҳз пас аз ҳодисаи нохуши дар Крокус-Сити-Холл рӯйдода шумораи муҳоҷирони аз имтиҳон нагузашта, якбора ба таври кайҳонӣ афзудааст.

“Муҳоҷирон ба таври оммавӣ аз имтиҳон афтида истодаанд. Аз моҳи январ то июни соли 2024 шумораи шахсоне, ки имтиҳонҳоро супурда натавонистанд, якбора 34 баробар афзудааст. Афтидани муҳоҷирон аз имтиҳонҳо махсусан моҳҳои март-апрел афзоиш ёфтааст”,- менависад манбаъ.

Бино ба арқоми пешниҳодшуда дар моҳи январ аз шумораи умумии имтиҳонсупорандагон 1 ,74% аз имтиҳон нагузантаанд, моҳи феврал бошад, 1,88%, афтидаанд. Дар моҳи март ин шумора ба 4,49%, дар моҳи апрел ба 5,06 расидааст, дар моҳи май бошад, 12,42% муҳоҷирон аз имтиҳот нагузаштаанд. Шумораи муҳоҷирони аз имтиҳон афтида дар моҳи июн 11,08%-ро ташкил кардааст.

Аз шумораи умуми афроди барои гирифтани иҷозатномаи зист дар Россия имтиҳонсупурда дар моҳи феврал 2,23% аз имтиҳон нагузашта буданд, вале баъдан ин рақам якбора чанд баробар зиёд шуда, дар моҳи март 4,55%, дар моҳи апрел 5,26% ва дар моҳи май 13,56%-и имтиҳонсупорандагони хориҷӣ аз имтиҳон нагузаштаанд.

Ёдрас мешавем, ки ин имтиҳонҳо барои муҳоҷирони меҳнатӣ хеле муҳим мебошанд, зеро дар сурати аз имтиҳон нагузаштан ба муҳоҷир патент ва иҷозатномаи кор дар Россия дода намешавад.

Аҷиб, муҳоҷирон якбора забони русиро фаромӯш кардаанд, онҳоро қасдан аз имтиҳон намегузаронанд, то бо ҳамин баҳона халос шаванд ё дар ҳақиқат талабот чунон сахт шудааст, ки муҳоҷирон мисли баргҳои заъфаронӣ, ки айёми хазонрез аз шохаҳои дарахтон мерезанд, дар авҷи ҷӯшу хурӯши кор дар Россия аз имтиҳонот пай дар пай афтида истодаанд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД