Коранавирус имрӯз ба яке аз мушкилиҳои асосии рӯз табдил ёфтааст. Он нафақат ба саломатии аҳолии ҷаҳон, балки ба иқтисодиёти кишварҳо низ зарари калон расонида истодааст.
Бояд гуфт, ки аксар аҳолии Тоҷикистон муҳоҷири меҳнатӣ буда, дар Федератсияи Русия фаъолият доранд. Вале аз сабаби паҳншавии вируси нав ва басташавии сарҳадҳо онҳое, ки ба ватан баргашта буданд, дигар сафар карда натавонистанд. Доир ба ин масъала мухбири минтақавии мо дар НТМ бо чанде аз муҳоҷирони ба кишвар омада суҳбат анҷом дод.
Рустам Сармисов, сокини деҳаи Шарафи н. Шаҳринав, тӯли чанд сол аст, дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Руссия аст. Ӯ дар суҳбат бо мухбири сомонаи “Оила” гуфт: имсол ҳам ба воситаи сарҳади Узбекистон ба Русия рафтанӣ будам. Бинобар ин, рафта чипта харидам. Вақте, ки ба Узбекистон расидем, сархади байни Узбекистону Русия баста шуд. Мо маҷбур шудем, ки ба ватан баргардем. Ҳангоми бозгашт ба мо гуфтанд, ки пули чиптаҳо баргардонида мешаванд. Аммо ҳар боре, ки барои гирифтани маблағамон рафтем, танҳо ваъда доданд, ки сарҳад кушода шавад, айнан бо ҳамон нарх чипта медиҳем ва шумо метавонед бемалол сафар кунед. Баъди он тӯли 20 рӯз аст, ки дар хонаам. Ягон кор нест. Пасандозамон қариб тамом шуд. Маҷбур шудам занамро ба кор фиристам, вале...
12 рӯз боз дар фурудгоҳ хобем. Кӣ ба доди мо мерасад?
Бахтиёр Хоҷаев, дар деҳаи Ободони н. Шаҳринав зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳам муҳоҷир аст ва зиндагиашонро аз ҳисоби кор дар Русия пеш мебарад. Бахтиёр мегӯяд, ки бо сабаби басташавии сарҳад имсол ба Русия рафта натавонист ва ҳоло дар хона бекор нишастааст. “Интизорам, ки тезтар сарҳадҳо кушода шаваду рафта, кори худро давом диҳам, зеро дигар пули хӯрдан намонд”. Ҳамсари Бахтиёр дар суҳбат бо мо гуфт, ки бинобар сабаби кор накардани шавҳараш ӯ маҷбур ба кори саҳро баромад, то зиндагиашонро пеш барад. “Аксар занҳои деҳа хишова ва дигар корҳои ба ин монанди кишоварзӣ мекунанд, чунки шавҳарҳояшон муҳоҷиранду айни ҳол бекор дар хона хобанд”.
Нуриддин ва Ҳусниддин Ёровҳо падару писар буда, онҳо ҳам дар қаламрави Русия муҳоҷири меҳнатианд. Ин падару писар гуфтанд, ки бо сабабҳои дар боло зикршуда сафар карда натавонистанд. Барои ҷамъ кардани пули чипта ҳозир дар як сохтмон машғули коранд. Онҳо мегӯянд, ки ин кор ҳамешагӣ нест. “Мо интизори кушодашавии сарҳадем ва мехоҳем, ки ҳарчӣ зудтар ба ҷои корамон баргардем”.
Дар робита ба кай кушодашавии сарҳадҳо то имрӯз маълумоте вуҷуд надорад. Муҳоҷирон интизоранд, ки мақомот ақаллан барои онҳо ҷойҳои кори муваққатӣ таъсис дода, як муддат ба кор ҷалб менамоянд. Чунки пасандозашон аллакай тамом шудаасту ҳатто роҳкиро ва пули харидани чипта ба Русия надоранд.