Дар шаҳри Маскав байни муҳоҷирони меҳнатӣ боз занозании гурӯҳӣ ба амал омадааст. Ба иттилоъи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Москва ҳодиса дар кӯчаи Медынская рӯй дода, як гурӯҳи калони муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҳам муноқиша ва занозанӣ намудаанд.
“Шоми 21- май дар кӯчаи Медынская байни муҳоҷирони меҳнатӣ муноқиша зада, як гурӯҳи калони шаҳрвандони хориҷӣ, ки на камтар аз 15 нафар буданд, байни худ занозанӣ карданд” хабар додааст Regions.ru.
Ба иттилоъи манбаъ, бар асари ин моҷаро 2 муҳоҷир корд хӯрдаанд. Захмиёнро ба беморхона интиқол доданд. Ҷустуҷӯи дигар иштирокчиёни муноқиша идома дорад.
Пулис чанд нафар иштирокчиёни муноқишаро боздошт намудааст, вале сабаби сар задани моҷаро ва занозанӣ ҳанӯз маълум нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия аз пайи таҳқиқи ин ҳодиса ҳастанд.