Муддати шаш сол мешавад, ки дар Русия ҳастам. Волидонамро дар ҷанги шаҳрванди куштанду мо дар ба дар шудем. Чандин сол дар интернат будам, баъд мардикорӣ омадам.
Дӯстонам дар ин ҷо бароям кори хуб ёфтанд. Соҳиби пул шуда, дигар фикри бозгаштро накардам. Соня ном духтари сарватмандеро ба занӣ гирифтам. Падараш дар рӯзи тӯй ба мо хона туҳфа кард. Зиндагиам шоҳона мегузашт, вале ду сол пас зани сарватманде маро ба домаш кашид. Аз занам пинҳонӣ бо ӯ вомехӯрдам. Рӯзе тасодуфан телефонам ба дасти Соня афтиду сиррам фош гашт. Гумон доштам, ки бевафоиямро фаҳмида, маро аз дараш берун мекунад, вале ҳамсарам оҳи сарде кашида гуфт: “Ман фарзанд ба дунё оварда наметавонам, агар маро напартоӣ, розигӣ медиҳам, ки ӯро ба занӣ бигирӣ!” Аз шунидани ин хабар чунон хурсанд шудам, ки гӯё болу пар бароварда бошам. Безурриёт будани ҳамсарам маро ягон зарра ғамгин накард, зеро фикрам танҳо дар зани дуюм гирифтан буд. Хулоса, Настя таклифи маро пазируфту ҳамин тавр дузана шудам. Занҳоям бо ҳамдигар муносибати хуб доранд. Имрӯзу пагоҳ аз Настя фарзанддор мешавам. Соня аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷад. Мегӯянд, ки зани рус вафо намекунад, вале бахти ман хандиду бо занҳои хуб дучор шудам. Хушбахтам, ки бахтамро дар мулки ғурбат ёфта, соҳиби зиндагии обод гаштам.
МАДАД, тоҷикбача аз Русия