arzon replenishment
МУНОҚИШАИ ХУНИН ЧӢ ГУНА САР ЗАД?
5684


Ба тарбияи фарзандонашон чандон диққати ҷиддӣ надодани иддае аз падару модарон боиси то рафт коста шудани маънавиёти ҷавонон ва авҷ гирифтани ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни насли наврас мегардад. Ҳодисае, ки рӯзе қабл дар маҳаллаи Гипрземи пойтахт ба амал омад, далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сар задани муноқишаи хунин дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъи мӯътамад, ҳодиса рӯзи 11-январ, тахминан соатҳи 16.00 сар зада, як ҷавони 17 сола аз ҳиссиёти авбошӣ бо як ҷавони 22-сола ҷангу ҷанҷол бардошта, дар рафти ин моҷаро рақибашро ду корд задааст.

Ҷабрдидаро бо ҷароҳатҳои хунбор ба беморхона бурданд, нисбати ҷавони муштзӯру корд ба даст бошад, парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти ин қазияи хунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД