Мунаввараи ғуррамарг акнун ҷонашро гирифту гурехт. Бале, ӯ ба зери хоки сард рафт, аммо доғи ҷудоӣ аз фарзандро дар дили падар модари армониаш барои умрбод сабт кард. Акнун ин келинчаки ҳаётнодидаи азияткашида дигар лаб ба шикоят намекушояду гурусна намегардад, зеро онҳое, ки азобаш медоданд, ахиранд зада – зада куштандаш.
Минбаъд хонаводаи ин духтараки фақат талхии рӯзгорро дида барои абадан мотам доранд. Духтараки хурдии хонаводаашон Мунаввараи ҷавону дунёнодида рафт барои ҳамешагӣ ба ҷойи ором ва орзуҳояшро ба зери гӯри сард бурд.
Рӯзи 29 майи имсол дар шаҳри Панҷакент ҷасади беҷони Мунаввараи ҷафокашидаро барои ҳамешагӣ ба зери хоки хунук гузоштанд. Ҷисми дар банди дор овезони ӯро, рӯзи 28 май, бародараш Саидаҳмад Бобоев дар манзили шавҳараш Абдураҳмон Зармастов пайдо кард.
Аҳли хонаводаи Мунаввара мегӯянд, ки духтарашон дар хонаи шавҳар азоби зиёд дошт ва ниҳоят аъзои ин оилаи қотил ӯро зада - зада куштанду баъдан барои пӯшонидани изи ҷинояти кардаашон ҷасади духтараки бечораро дар даруни хонаи худаш ба ҳалқаи дор овехтанд, то худро мусичаи бегуноҳ нишон диҳанду келинашонро худкуш.
Сомонаи pressa.tj, ки ин ҳодисаро таҳқиқ кардааст, аз қавли сокинони деҳаи Рашнаи боло, ки Мунаввара дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекард, навиштааст, ки духтарро 5 нафар — шавҳараш Абдураҳмон, хусураш Халил, хушдоманаш Ойша, хеши шавҳараш Алӣ ва Мулло Аҳмад бо нақшаи пешакӣ кушта, баъдан ба дор овехтанд.
Онҳо далел пеш меоранд, ки моҳи августи соли 2019 Истадқул Зармастови 67- сола, яке аз хешовандони наздики ин оила низ дар пайи як ҷанҷоли хурд маҳз аз ҷониби ин нафарон кушта шуд. Шикояти онҳо аз болои суду прокуратураи шаҳри Панҷакент аст, ки парванда кушода, тафтишот бурданд, аммо баъдан онро қатъ карданду сабаби марги Истадқулро сактаи дил гуфтанд ва касеро ба ҷавобгарӣ накашиданд.
Рух додани ин қазияро падару модари Мунаввара дар суҳбат бо мухбири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Бахтовар Сафаров шарҳ доданд. Бино ба нақли онҳо субҳи рӯзи 28 май ҳамсояи Мунаввара ба модари ӯ занг зада, шикоят кардааст, ки духтарат аз болои замини ман гову моли худро гузаронида, кишту корамро расво кард. Холаи Муаттар ба духтараш занг зада, мепурсад, ки чаро ӯ ин корро кардааст?
Мунаввара дар ҷавоб мегӯяд, ки хушдоманаш ӯро барои иҷрои ин кор маҷбур кард. Яъне,ӯ бо супориши хушдоманаш аз болои замини ҳамсояашон - холаи Хумор говро гузароидааст. “Ман не гуфтам, ӯ бошад гузарон гуфтам, гузарон гуфта, маҷбурам кард”, - шарҳ додааст сабабшро ба модараш.
«Аз ҳамаи он рӯзҳои сахте, ки духтарам паси сар кард, бохабар будам. Занг мезаду доим мегуфт, ки “оча, маро зада беҳуш карданд”. Гуфтам, ки “хез, ба хона биё”, лекин гапамро нагирифт. Хушдоманаш ҳар рӯз Мунаввараро таъна зада мегуфтааст, ки “ту безебӣ, ту харобӣ, ту барои чӣ таваллуд намекунӣ, ту ноуҳдабаро” ва монанди ҳамин гапҳо.
Якуми май ба хона омада буд ва рӯзи нуҳум баргашта ба хонааш, ба деҳаи Рашнаи боло рафт”, - мегӯяд модари зори ин духтарак.
Ҳамчунин ӯ даъво дорад, ки марги духтараш худкушӣ нест ва хонаводаи шавҳараш ӯро кушта, баъдан ба дор овехтаанд. “Ӯро панҷ бор зада беҳуш карданд ва бори шашум кушта, ба дор овехтанд. Вақте ки мурдаи Мунаввараро шустам, як бари рӯяш хункаф ва захмӣ буд, миёнаш сиёҳ гашта, почаву дастонаш захм доштанд ва даҳону биниаш хунолуд буд».
Мунаввара Ғайбуллоева 1 январи соли 1999 дар деҳаи Рашнаи болои шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Ӯ ҳанӯз аз хурдӣ бо ҳамдеҳааш Абдураҳмон Зармастов (соли таваллудаш 2000) гавҳорабахш шуда буду ниҳоят ро 28 феврали соли 2019 онҳоро тӯй карданд. “Аз аввал Абдураҳмон намехостааст, ки Мунаввараро ба занӣ гирад ва ӯ хостори бо духтари тағоияш оиладоршавӣ доштааст, лекин падару модараш Мунаввараро маҷбуран ба ӯ гирифта доданд. Мо бошем аз ин бехабар будем”, - мегӯяд модари зори ӯ.
Ҳамон рӯз Мунаввара ба апааш Марям занг зада, бо гиряву нола аз зиндагии сахташ дар хонаи шавҳар шикоят мекунад. Мунаввара аз аввали суҳбат то охир беист гиря мекунаду мегӯяд, ки «онҳо маро мекушанд» ва ин ҷумларо чанд бори дигар низ такрор мекунад.
“Аз ин пеш ҳам қариб ҳар рӯз занг зада, мегирист, ки ӯро бисёр азоб медиҳанд. Мегуфт, ки “шавҳарам маро дӯст намедорад ва ҳамеша бо духтари тағояш гап мезанад. Агар аз коре қаҳраш кунад, алами дилашро омада аз ман мегирад», — гирякунон мегӯяд Марями мотамзада.
Рӯзи 28 май дар оилаи Зармастовҳо ҳанӯз аз кафидани чашми субҳ нооромӣ буд. Яке аз амакҳои Мунаввара барои дарахт бо оилаи Зармастовҳо ҷангҷол дошт. Оилаи онҳо бошад, қасосашонро аз келин гирифтанд. Ҳамсояҳо мегӯянд, ки аз саҳар дар хона ҷанҷол буд. Қарибиҳои соати дуи рӯзи 28 май Халил - падарарӯси Мунаввара бародари ӯ Саидаҳмад Бобоевро фарёд карда гуфтааст, ки зуд биёяд. Келин худро дар дохили ҳуҷра маҳкам кардаасту дарро намекушояд, метарсем, ягон балое нашавад.
“Хонаи ман аз хонаи Мунаввараи ғурамарг 100 метр дур аст ва соат 13:50 буд, ки Халил маро фарёд кард. Вақте омадам дари хона пӯшида буд ва ҳамаи онҳо дар берун маро интизор буданд. Ойиша шавҳарашро гуфт, ки дарро зада шиканад. Ӯ бо пояш якто зад, ки дари хона кушода шуд ва ҳама рост ба хонае, ки дар он ҷо Мунаввара овезон буд, рафтанд.
Ҳангоми ба хона даромаданам дидам, ки Халил ҷасади овезони Мунаввараро доштааст ва маро гуфт, ки ресмонро бурам. Ман ҳам ресмонро буридам, лекин дар таги пойи Мунаввара ягон ашёе набуд, ки ӯ ба болои он баромада, худро овехта бошад”, - мегӯяд бародари Мунаввара.
«Вақте хабари марги Мунаввараро шунидам, омада дидам, ки як бари рӯяш зарб хӯрда, биниву даҳону дандонаш пури хун буд, лекин онҳо дидаву дониста ӯро шуста мондаанд. Ба мӯйи сараш даст расонидам ва фаҳмидам, ки тар аст. Дар гулӯяш қариб, ки сиёҳӣ набуд. Ҳамаи ин ҳодиса бо сардории Мулло Аҳмад шудааст. Пеш аз оне, ки бародари маро даъват кунанд, мулло Аҳмад дар ҳамин ҷо буд ва ҳангоми ба шаҳр рафтанамон ӯ низ дар шаҳр буд. Мулло Аҳмад ба инҳо ҳамроҳ аст», - бо алам нақл мекунад Мамлакати апаи келинчаки марҳум.
Саидаҳмад ва Мамлакат даъво доранд, ки хоҳарашонро дидаву дониста куштанд, чунки саҳнаи сохтаашон барало намоён буд. “Ҳатто аз пушти тиреза ҳамон рӯз касе фаромада буд, ки то ҳол изи пояш ҳаст. Дарро бошад, бо як чӯбча маҳкам карда буданд. Чаро Халил пешакӣ дарро зада шикаста надаромаду моро интизор шуд. Магар ин шубҳанок нест?”, - мегӯяд Саидаҳмад.
“Бар замми ин ҳатто ягон аъзои ин оила ба ҷанозаи Мунаввара нарафтанд ва ҳангоми бурдани ҷасад аз пуштамон таҳдид ба куштан карданд. Дар даст санг гирифта, ба тарафи мо ҳамла карданӣ шуданд” – мегӯяд Мамлакати апааш.
Акнун онҳо интизоранд, ки оқибати тафтишот чӣ мешавад? Оё дар ҳаиқат адолат ва қонун гуфтанӣ чиз вуҷуд дорад ва оё ин оилаи қотил ба ҷавобагирӣ кашида мешаванд ё парвандаи онҳо ҳам мисли ҳодисаи Истамқул бо гуноҳи худкушӣ а анҷом мерасад. Мо низ интизорем, ки ҳақ ба ҳақдор расаду парда аз рӯи ин ҳодиса бардошта шавад.