Formula novemver 2024
Мулоқот вобаста ба обу энергетика ва энергияи “сабз”
10.10.2024
ОИЛА.ТҶ
1066

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни як вохӯрӣ дар бораи энергияи “сабз” ёдовар шудааст.

Ин нукта зимни вохӯрии вазири тоҷик бо ёвари роҳбари Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) хонум Анҷали Каурро зикр гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот вобаста ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла USAID дар соҳаи энергетика ва захираҳои об табодули афкор сурат гирифтааст.

Вазир аз захираҳои бузурги обию энергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла энергияи “сабз” ёдовар шуда, иброз доштааст, ки беш аз 60 дарсади манбаъҳои оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД