goodwell
Муъҷизаи аспи пир
19.07.2026
Oila.tj
100

Борон сахт меборид. Марде бо мошинаш аз роҳи калон мегузашт, ки ногаҳон мошин аз идора баромада, аз канори роҳ гузашта, ба лой даромад. Хушбахтона, мошин осеб надид, аммо чархҳояш дар лой дармонданд. Ронанда ҳар қадар кӯшиш кард, натавонист онро берун кашад.

Ниҳоят, зери борон ба кулбаи наздики он мавзеъ рафт ва дарро кӯфт. Деҳқони пир, ки назди оташдон нишаста буд, дарро кушод.

Ронанда воқеаро нақл карда, аз ӯ ёрӣ пурсид. Пирмард гуфт:

- Шояд худи ман коре карда натавонам, вале биё бинем, ки Фредерик чӣ кор карда метавонад.

Ҳарду ба оғил рафтанд. Деҳқон аспи пиру лоғареро берун овард. Ронанда бо дидани ҳайвон дар ҳайрат монд ва ба худ гуфт, ки чунин аспи заиф чӣ гуна метавонад мошинро аз лой берун кашад. Аммо роҳи дигаре ҳам набуд.

Онҳо ба назди мошин расиданд. Деҳқон ресмонро ба мошин ва тарафи дигарашро ба китфи асп баст. Сипас ба пушти асп як зарба зада, баланд фарёд зад:

- Биёед, Пол! Фредерик! Ҳарӣ! Том! Ҳамаатон якҷоя! Каме дигар... Ана ҳамин тавр... Офарин, тавонистед!

Бо тааҷҷуб, ронанда дид, ки аспи пир воқеан мошинро аз лой берун кашид.

Ҳангоми хайрухуш аз деҳқон пурсид:

- Ҳанӯз ҳам бовар намекунам, ки ин аспи пир ин корро кард. Ин ҳама номҳоро барои чӣ мегуфтед? Магар ягон сеҳр аст?

Пирмард табассум карда гуфт:

- Не, писарам, ҳеҷ сеҳре нест. Ман ин номҳоро гуфтам, то асп гумон кунад, ки танҳо нест ва бо як гурӯҳ кор мекунад. Охир, аспи ман кӯр аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД