arzon replenishment
Муҳимтарин қоидаҳо дар ҷанги зану шавҳар
811

 

Дар зиндагии заношӯӣ бинобар далелҳои гуногун ҳамчун тафовути дидгоҳ, амалӣ нашудани хостаҳо, фаромӯшии рӯйдодҳои зиндагӣ, масъалаҳои иқтисодӣ, дахолати хонаводаҳо ва … баҳс ва бигӯмагӯ амри иҷтинобнопазир буда ва ба гуфтаи бузургтарҳо намаки зиндагӣ аст, аммо бояд аҳаммият  дод, ки зиёдаравӣ ва пешгирӣ накардани ин намак муфид набуда ва зиндагиро ғайри қобили таҳаммул мекунад.

Дар ин ҷо, донистан ва риояти қонунҳое дар ҷанги зану шавҳарӣ метавонад пеши осебҳо ва таъсирҳои бади ҷангро кам кунад ва баҳсро ба сӯи ҳадафдор ва натиҷабахше барад.

Дур аз ҳар гуна манфинигарӣ, хубиҳои ҳамсаратонро дида ва қабл аз гуфтани фикратон дар камоли эҳтиром ба суханҳои ӯ гӯш диҳед.

 

Яке аз сабабҳое, ки зан ва шавҳарро ба ҷанг мекашонад, робитаи нодурусти суханҳои ҳамсарҳо ба якдигар аст. Ин мушкил тавре пеш меравад, ки ҳамсарон бо нодуруст гуфтани ҳарфҳо ва гуфтори номуносиб, ки таъсири баде дорад, робитаи худро дучори мушкил мекунанд.

 

Дар баҳс ва ҷанг бо ҳамсаратон даргир нашавед ва ӯро масхара накунед. Кифоя аст мушкилатонро шинохта ва бидуни зарар задану эҷоди мушкили нав, барои ҳам масъаларо ҳал кунед.

 

Беэҳтиромӣ ба ҳамсар дар замони ҷанг таъсири дароз муддатро дар рӯҳ  ва равони ӯ мегузорад. Шояд баъзе аз ин асарҳо ҳеч гоҳ пок нашавад. Пас фаромӯш накунед, ки беҳурматӣ ва паст задан манъ аст.

 

Аввалин чароғе, ки дар ҷанги заношӯӣ равшан мешавад, хашм ва ғазаб аст. Бинобар ин, эҳсосоти худро ба даст гиред, кӯшиш кунед ором сӯҳбат карда, овозатонро баланд накунед. Ин гуна тамаркузатон бар рӯйи мавзӯи ихтилоф боло меравад. Ҳурматҳоро ҳифз карда, коре накунед, ки баъд пушаймон шавед ва ҷуброн карда натавонед. Коршиноси хонавода ҷаноби оқои Фаллоҳ дар ин бора пешниҳод медиҳад бо истифода аз равишҳои пешгирии хашм, шароити рӯҳии хуб барои худ бисозед. Вақте ки хашмгин шудед, чанд сония нафас кашида ва каме фикр кунед ва сипас сӯҳбатро идома диҳед.

 

Ёдатон бошад калимаҳои мисли “ҳеҷ гоҳ” ё “ҳамеша” ва монанди инҳо дар мушоҷират ва гуфтугӯ бефоида аст ва баҳсро ба натиҷаи дилхоҳ намерасонад. Вақте ки шумо аз ҳам шикоят доред, ба ҷои куллигӯйи бо мисол задан масъалаҳои ҷузъиро барои ҳам шиносонда ва мушкилро ҳал кунед.

 

Ҳамеша аз паси ин набошед, ки фикрҳои ҳамсаратонро рад карда ва сарзаниш кунед. Муаддабона аз ҳамсаратон барои ҳалли мушкил роҳи чора хоҳед. Талош кунед бо нишон додани роҳиҳалҳо майли худро ба ҳал шудани мушкилӣ ба ҳамсаратон нишон диҳед.

 

Хонаводаи ҳар фард чӣ хуб ва чӣ бад кӣ будани шахсро мефаҳмонад. Бинобар ин, дар ҷанги заношӯӣ ҳеҷгоҳ ба хонаводаи ҳам беэҳтиромӣ накунед.Чун бо ин кор ба ҳамсаратон беэҳтиромӣ  кардед. Ҳатто, дар баъзе аз ҳамсарон дида мешавад, ки дар ҳангоми сӯҳбатҳои оддӣ ба хонаводаи ҳам ҳуҷум мебаранд ва бо шӯхи масхара мекунанд. Ин кори дуруст нест. Ҳатто агар ҳамсари шумо чизе нагӯяд, вале аз дарун шикаста ва шахсияташ осеб дидааст.

 

Муқобила ба монанд кардан ва дастдарозӣ ба ҳассосиятҳои ҳамсар дар ҷангҳои хонаводагӣ боиси шуълавартар шудани ҷанг мешавад. Агар аз ҳамсаратон хоҳед, ки фалон либосро напӯшад, вале ӯ таваҷҷӯҳе накунад, шумо ба худатон гӯед, пас ман ҳам ба меҳмоние, ки ӯ мехоҳад намеравам. Ин кор кам-кам  аз масъалаи кӯчак ба бузург табдил мешавад. Дар охир, зиндагӣ барои ҳардуи шумо ба ҷаҳаннаме табдил мешавад, ки раҳо шудан аз он бисёр сахт аст. Барои ҳамин муқобила ба мисл накунед. Нагӯед ӯ ба модари ман беҳурматӣ кард, ман ҳам ба хоҳараш беҳурматӣ мекунам ва… . Иштибоҳи ҳамсаратонро бо иштибоҳ ҷавоб нагардонед.

 

Аз мавзӯи аслӣ берун наравед ва бар рӯйи он тамаркуз кунед. Ҳеҷ гоҳ гузаштаро хотиррасон накунед. Маъмулан мо инсонҳо вақте аз шахсе ғамгин ва асабӣ мешавем, нороҳатиҳои гузаштаро низ ба ёд меоварем, агар ингуна шудед лозим нест онҳоро баён кунед, чун хотир расон карданашон вазъиятро ғайри қобили ҳал шудан мекунад. Бинобар ин, баҳсро накашонда, ҳеҷ гоҳ аз вожаҳои “ту ҳамеша ин корҳоро мекунӣ” ё “одати ҳамешагии туст” ё ”ту ҳаргиз…” истифода накунед.

 

Фаромӯш накунед, ки ҳеҷ гоҳ дар назди кӯдакатон баҳс накунед. Шояд як соат ё як рӯз баъд шумо фаромӯш кунед, ки чӣ шуда буд, аммо барои кӯдакон осон нест. Онҳо тамоми вуҷудашон пур аз тарс шуда ва зеҳнашон бо як ҷанги сода то ҷудогии волидайнашон пеш меравад.

 

Бо хабар кардани хеш ва атрофиён дар баҳсҳо ва мушоҷироти худ, на танҳо мушкилеро ҳал намекунад, ҳатто баъд аз ором шудани вазъияти байни худатон, имкони кӯчак шудани ин зану шавҳар байни дигарон мебошад ва нофаҳмӣ дар байни хонаводаҳо идомадор мешавад. Бинобар ин, бояд инро фаҳмем, ки ҷанги шумо зану шавҳар ба худатон дахл дорад ва худатон бояд ҳаллаш кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД