goodwell
Муҳаммад Наимов аз ростери UFC хориҷ шуд
76

Муҳаммад Наимов аз ростери UFC хориҷ шуд

Варзишгари тоҷик Муҳаммад Наимов аз рӯйхати расмии ҷангиёни UFC хориҷ карда шудааст. Тибқи маълумоти нашршуда, ду бохти пайдарпайи охирини ӯ сабаби эҳтимолии қатъи ҳамкорӣ бо ин созмони маъруфи ҳунарҳои размии омехта (MMA) шудааст.

Наимов фаъолияти худро дар UFC бо натиҷаҳои хуб оғоз карда, панҷ ғалабаи пайдарпай ба даст оварда буд. Аммо ду бохти охир ба натиҷаҳои ӯ дар ин созмон таъсир расонданд.

Ӯ UFC-ро бо натиҷаи 5 ғалаба ва 3 бохт тарк мекунад. Рекорди умумии касбии варзишгар бошад, 13 ғалаба ва 5 бохтро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД