Аксарият Силвен Хелейнро, ки сар то пояшро пур аз холкӯбӣ кардааст, ҳамчун омӯзгори бадафттарин мешиносанд.
Силвенбарои холкӯбиҳояш наздики 67.000 доллар ва 460 соати умрашро дар толорҳои холкӯбикунонӣ сипарӣ намудааст. Чанде қабл Силвен ба Швейтсария сафар намуд, то ки дар дохили себаки чашмонаш низ холкӯбӣ кунад. Бо вуҷуди ин, Силвен ба касе маслиҳат намедиҳад, ки аз ӯ ибрат гиранд, зеро баъди гузаронидани амалиёти охирин чанд рӯз чашмонаш нобино шуданд. Ҳамзамон бо сабаби холкӯбиҳои баданаш дар фаъолияти касбии Силвен мушкилиҳо сар заданд.
Баъди 10 соли дар мактаб дарс доданаш бо сабаби он ки яке аз толибилмон аз омӯзгори бадафт сахт тарсидааст, ӯро аз мактаб хориҷ намуданд.