Сокини шаҳри Остонаи Қазоқистон Ойгул Ержанова бо гузоштани рекорди нав диққати ҷомеаро ба худ ҷалб намуд. Муаллимаи синфҳои ибтидоии 55-сола тавонист автобусеро, ки 13,5 тонна вазн дорад, дар давоми як дақиқа ба масофаи 14 метр кашад.
Бо ин дастовард Ойгул аввалин зан дар ҷаҳон гардид, ки дар синни аз 50 боло чунин натиҷаро нишон додааст. Барои ин корномаи нодир ба ӯ медали тиллоии Global Best of Records супурда шуд.
Варзишгари машҳури қазоқ ва рекорддори чандинкаратаи ҷаҳон Сергей Сирулников низ аз ин дастовард ситоиш кард. Ӯ гуфт, ки Ойгул намунаи иродаи қавӣ ва матонати занона мебошад. Ба гуфтаи ӯ, чунин рекордҳо барои ҷавонон ва хонандагон ангезаи хуб шуда метавонанд, то бештар ба варзиш машғул гардида, барои расидан ба ҳадафҳои худ талош намоянд.