Arzon april 2022
Муаллифи 3 ҷарроҳии нодир дар таърихи тиб аст
1499


Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, чанд рӯз қабл табибони тоҷик дар доираи як амалиёти ҷарроҳӣ кӯдакони ба ҳам ҷаспида ва ё ба истилоҳи тиббӣ “дугоникҳои сиамӣ”-ро муваффақона аз ҳам ҷудо кардаанд.

Ин ҷарроҳии нодир дар беморхонаи “Шифобахш” маъруф ба Қарияи болои пойтахт анҷом дода шуд.
Таваллуд тариқи буриши қайсарӣ гузаронида шуд ва муайян гардид, ки яке аз навзодон (ҷинсаш писар) аллакай, фавтида, ҳолати навзоди дигар (ҷинсаш духтар) хуб аст. Волидайни тифлон аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мебошанд.

Ба гуфти ҷарроҳ Шоҳин Раҳимов, бемориҳои нуқси модарзодӣ ва ё ба истилоҳ“дугоникҳои сиамӣ” яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо роҳандозӣ гардидани чунин услули ҷарроҳӣ, яъне аз ҳам ҷудо намудани дугоникҳои сиамӣ табибони тоҷик бобати густариш додани ҷарроҳии мазкур таҷриба ҳосил намуданд, хабар додааст сомонаи расмии "Радиои Тоҷикистон"

Ба хотири маълумоти бештар гирифтан дар бораи ин ҷарроҳӣ мо бо Шоҳин Раҳмонов, мудири шўъбаи ҷарроҳии кўдакони навзоди Беморхонаи «Шифобахш»-и шаҳри Душанбе, нафаре, ки ин ҷарроҳиро анҷом додааст, сўҳбати судманде анҷом додем.

- Қаблан ҳамин гуна таҷриба дар ҷумҳурӣ набудааст, вале шумо ба он розӣ шудед. Оё ин хавф надошт?

- Хавфнок буд, вале мо табибем ва ба ин гуна амалиётҳо бояд омода бошем. Дар бемор ташхиси “дугоникҳои сиамӣ” ё тайландӣ гузоштем. (Аввалин маротиба кўдакони часпида дар шаҳри Сиами Тайланд таваллуд шуданд. Ба ҳамон хотир номи ҳамин шаҳрро гирифт). Экисакҳои нопурра аз рўи навишти тарҷумашуда, пурраву нопурра маънидод мешавад.
-Ин кўдаки навзод аз кадом навъаш буд?
-Инро паразити ҷанин ном мебаранд, яъне ними кўдак дар бадани кўдаки солим часпида буд: По дошт, кос дошт, тамоми хусусиятҳои писарро ҳам дошт, танҳо қисми ақиби фавтида ба бадани кўдаки солим часпида буд, аммо зинда набуд ва аз ҳисоби кўдаки зинда қувват мегирифт. Дар тиб ин ҳолатро паразити ҷанин мегўянд. Алан аз рўи таснифот (классификатсия) ба гурўҳи дугоникҳои сиамӣ дохил мешаванд. Ҳаст ҳолатҳое, ки ду калла дораду як дил, ду майнаву як сутунмўҳра дорад, аммо ин кўдак ин хел набуд. Ин гуна кўдакҳо аз як ҳуҷайратухм мешаванд.
-Ҷароҳии шумо чӣ гуна сурат гирифт?
-Мо томографияи компютерӣ намудем, бо мутахассисони 3 кишвари хориҷӣ дар иртибот шудем, аз ҷумла ба устодам аз Швейтсария дар масъалаи ҷарроҳияш пурсидем, он кас розӣ шуданд. Сипас, барои ҷарроҳӣ кўдакро давоми 3-шабонарўз омода кардем. Ҷарроҳияш 1 соату 30 дақиқа давом кард ва кўдакро бе ориза гирифтем.
- Феълан саломатии кўдак чӣ гуна аст?
-Тифл пурра солим аст. Мо аз он тарс доштем, ки шояд баъди ҷарроҳӣ пойҳои кўдак кор накунад, хушбахтона, ҳоло пойҳояш мушкил надорад, ҳиссиёт дорад. Як ҳолати дигари нозук дар он буд, ки мағзи сари ин кўдак дар дохили батни кўдаки дигар қарор дошт. Ҳангоми ҷарроҳӣ хавфи талаф ёфтани бачадон, тухмдонҳову рўдааш вуҷуд дошт, вале ин узвҳо зарар надиданд ва кўдак бе мушкил аз ҷарроҳӣ баромад.
-Баъзеҳо мегўянд, ки ба ҳамин монанд ҷарроҳӣ қаблан дар Тоҷикистон будааст?
- Не, ин гуна ҷарроҳӣ набуд. Ба гуфтаи собиқадорони соҳа навъи сератома будааст, ки кўдаки дигар ягон навъи узв надорад, аммо дар ҷарроҳии мо анҷом дода ҳамаи аъзои баданаш пурра буд.
-Ин гуна кўдакон дар оянда мисли одамони муқаррарӣ мешаванд ё фарқ мекунанд?
-Дар кўдаконе, ки фақат пўст ба пўст, шикам ба шикам часпидааст ва ҳарду солиманд, вақте ки тариқи ҷарроҳӣ онҳоро аз ҳам ҷудо мекунанд, ҳарду кўдак сиҳат мешаванд. Боз ҳаст ҳолатҳое, ки дар як гардан ду калла аст, инҳоро ҷарроҳӣ кардан дуруст нест, чунки вақте ҷарроҳӣ мекунед, фақат якеашон зинда мемонад. Аз ҳамин хотирдар чунин ҳолатҳо бояд ҷарроҳӣ гузаронида нашавад. Умуман, навъҳои зиёде вуҷуд дорад, аз ҷумла қафасисинагӣ ва шикамӣ. Шикам ба шикам часпида бошаду ҳарду кўдак дил, пой ва дигар узвҳоро дошта бошанд, ҷарроҳӣ кардан дуруст ва ҳатмӣ аст, аммо ду кўдак бо як дил бошанд, набояд ҷарроҳӣ шаванд.
-Кўдаки шумо ҷарроҳӣ карда аз ягон узв ҳарду истифода мекарданд?
-Кўдакони ҷарроҳикардаи мо намуди “ишопагӣ” буд, яъне ними ин кўдак дар дохили дигараш буд ва бо ҳамин сабаб кўдаки зинда ахлот карда наметавонист. Сараш дар дохили батн, пойҳояш низ часпидаву дуруст инкишоф наёфта буд.

-Ҷарроҳӣ душвор буд?
-Бениҳоят. Ҷарроҳӣ барои ман, ки 35 сол дорам мушкил буд, зеро тариқи айнакҳои махсус кор кардам, ки он 3,5 маротиба калон нишон медиҳад, дар ҳоле, ки то ба имрўз то 1,5 истифода мебурдам ва ин боиси он шуд, ки баъд аз ҷарроҳӣ 4 соат ба худ наомадам, аммо муҳимтар аз ҳама кўдак солим ва бе ориза аз ҷарроҳӣ баромад. Наздиконаш розиянд ва ин кўдак ҳоло таҳти назорати Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дорад.
-Дар оянда низ ин гуна ҷарроҳиро анҷом медиҳед?
-Ман ба ғайр аз ин ҷарроҳӣ, бори якум дар таърихи тибби тоҷик ҷарроҳии кўдаки сурхрўда надоштаро анҷом дода будам ва баъд аз соли 2019 ин гуна ҷарроҳии нодирро солона то 14 маротиба анҷом медиҳем. Хушбахтона, имрўз аксари кўдаконеро, ки нуқсонҳои мураккаб доранд, ба хориҷа равон намекунем, дар дохил анҷом мешавад ва дар оянда низ дар хидмати халқу миллатем.
-Нуқсонҳои модарзодӣ гуфтед, боз чӣ гуна нуқсонҳоро табобат кардаед?
-Буданд кўдаконе, ки аз як роҳ қазои ҳоҷҷат мекарданд. Инҳоро ҷарроҳӣ намудем, ки ҳоҷати ба хориҷ бурдан намонд. Қаблан ин гуна ҷарроҳиҳо дар Русия, Германия, Швейтсария ва дигар кишварҳои пешрафта гузаронида мешуданд. Бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони Швейтсария ба кишвари мо омада, бо мо як ҳафта ҳамкорӣ доштанд. Баъдан мо дар ҷарроҳиҳои мураккаб дар тамос мешавем ва суолҳо медиҳем ва машваратҳо мегирем.
-Шароит чӣ гуна аст, дастгоҳҳои заруриро доред?
-Шароитамон феълан аз гузашта беҳтар аст, вале мисли кишварҳои дигари пешрафта нест, масалан ба наздикӣ як дастгоҳе, ки барои вазни кўдак, дигар нишондиҳандаҳо ва додани нафаси сунъӣ пешбинӣ шудааст, бо арзиши 34 ҳазор евро харидорӣ шуд. Ин дастгоҳ яке аз мушкилоти асосиро бартараф кард, зеро ҳангоми гузаронидани мураккабтарин ҷарроҳиҳо бе нафаси сунъӣ додан мушкил пеш меояд.
- Ташаккур барои сўҳбат!
-Саломат бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД