Дар шӯъбаи ҷарроҳии навзодони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» “Шифобахш” ҷарроҳии нави аз ҳам ҷудо намудани кӯдакони якҷоя таваллудшуда ва ё ба истилоҳи тиббӣ “дугоникҳои сиамӣ” бомуваффақият гузаронида шуд.
Тавре мутахассисони соҳа гуфтаанд: чунин услули ҷарроҳии нав ягона дасторвади шӯъбаи мазкур набуда, тайи солҳои охир якчанд навъи ҷарроҳиро низ табибони шуъбаи мазкур ба роҳ мондаанд, ки дар самти таъмини сиҳатии навзодон заминаи хуб фароҳам овардааст.
Наздикони тифли ба тозагӣ ҷарроҳишуда аз шароити мусоиди фароҳамгардида ва аз малакаи кории мутахассисон изҳори қаноатмандӣ зоҳир менамоянд, хабар додааст дафтари матбуотии Вазорати тандурустии кишвар.
Айни замон саломатии тифли ҷарроҳишуда таъмин буда, зимни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар ӯ ягон ориза ба назар нарасидааст. “Бо таҷрибаи ҳосилшуда кушиш ба харҷ дода мешавад, то маҳорату малакаи табибон боло бурда шавад ва гузаронидани ин навъи ҷарроҳӣ минбад низ дар дохили мамлакат роҳандозӣ гардад”,- гуфтаанд табибони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» “Шифобахш”.
Бемориҳои нуқси модарзодӣ ва ё “дугоникҳои сиамӣ” яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, бо роҳандози гардидани чунин услули ҷарроҳӣ ва ё аз ҳам ҷудо намудани дугоникҳои сиамӣ табибони тоҷик бобати густариш додани ҷарроҳии мазкур таҷрибаи хубе ҳосил намуданд.