Arzon march 2024
Муқаддас Набиева 71- сола мешуд, агар
4086


Шаби зимистон буд. Бибиям бо шавқ қуроқ медӯхт, ман бошам дар гирдаш парвона шуда бозӣ мекардам. Радио паст-паст мехонд. Баногоҳ аз радио суруди ширине ба гӯш расид. Ҳамон замон бибиям фарёд кард:
- Ай бра бачам бобота тез фарёд кун. Бугу бдаван, ки Муқаддас хондестай!
Бори аввал номи Муқаддасро дар деҳа шунидам. Ҳар ҷое, ки садои нотакрораш ба гӯш мерасид "Муқаддаси бобову бибим" мегуфтам. Аммо ҳозир "Муқаддаси ман" мегӯям. Ман ошиқи сурудҳои ҷовидонаи ин фариштаам. Фариштае,ки баҳори санъати тоҷиконро умри ҷовидон бахшид ва
зиндагии моро зеботар сохт...
Ҳар субҳ чун аз хоб бедор мешавам, аввал акси ӯро мебинам. Чанд сол мешавад, ки сурати зебои ӯ аз рӯйи ҷевони китобҳо ба сӯям механдад. Гӯё бо хандаи зебои хеш бароям неруву қувват мебахшад. Ва нидо мекунад:
- Мебинӣ, ман зиндаам... сурудҳоям мисли номам муқаддас монданд!
Шодрӯзи ту имрӯз мубораки мардум ва
рӯҳат шод бод, Муқаддаси ман!
Ин муҳаббатномаи Сайиди Шарифӣ, яке аз мухлисони санъати нотакрори Муқаддас Набиева аст, ки субҳи имрӯз бо ёдовари аз даврони кӯдакӣ ва муҳаббати волидонаш ба ҳунари ин бонуи зиндаёд дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст.
Муқаддас Набиева 7-январи соли 1950 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст, вале тарбиятгирифтаи мактаб-интернати рақами 10-и шаҳри Душанбе мебошад. Азбаски аз ҷавонӣ духтараки чолок ва ҷасуру серғайрат буд, ӯро тез-тез ба чорабиниҳои варзишӣ ҷалб мекарданд. Пас аз хатми мактаб-интернат вай ба Институти тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, соли 1972 онро хатм намуд ва дар мактаби ибтидоии варзишии ноҳияи Фархор ба ҳайси тренер ба кор шурӯъ кард, аммо шавқу завқи сарояндагӣ ҳамоно қалбашро ором намегузошт. Ҳамин буд, ки Муқаддас дар баробари тренерӣ бо дастаи ҳаваскорони санъати хонаи маданияти Фархор пайваста, дар ҷашну чорабиниҳои мухталиф ширкат меварзид.
Сурудҳои ӯ бо форамию салосат ва зарбу оҳанги дилнишинашон ба зудӣ дар хотири шунавандагон нақш мебастанд. «Кӯи ту» (шеъри Авҳадии Мароғаӣ), «Хуршеди ҳаёт» (ғазали Ҳилолӣ), «Нури ман» (ғазали Мавлонои Румӣ) «Шарораи хотираҳо» (халқӣ), «Боди сабо» (Зебунисо), «Садои дил» (Аъзам Сидқӣ), «Ба ишқат интизорам» (Гулрухсор), «Дили зорам» (халқӣ), «Муҳаббат нест бе оташ» (Сайдалӣ Маъмур) ва даҳҳо таронаҳои дигари Муқаддас, ки теъдоди умумиашон ба 50 мерасад, то имрӯз куҳна нашуда, маҳбубият доранд. Муқаддас Набиева дар баробари таронаҳои тоҷикӣ ҳамчунин бо забонҳои русӣ (суруди «Надежда), арманӣ («Суруди ман»), туркӣ, қирғизӣ суруд хонда, дар саросари кишвари паҳновари Шӯравӣ шуҳратёр шуд. Дар ҳайати «Гулшан» Муқаддас соли 1975 ба Фаронса, соли 1977 ба Полшаю Эстония ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ намуда, нисфи ҷаҳонро қоил кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД