Аз ҳамон рӯз Шифо ҳар ҳафта меомад, ғамхорӣ мекард, бо модар менишаст, хӯрок мепухт, ҷойхоби ӯро иваз мекард.
Пас аз чанде муҳаббати онҳо барои ҳама ошкор шуд. Падару модари Шифо аввал розӣ набуданд, аммо Шифо гуфт:
- Ман танҳо ба ин ҷавон ба шавҳар мебароям. Падар, очаҷон, илтимос розӣ шавед.
Падару модар ниҳоят гуфтанд, ки “агар муҳаббат ҳақиқист, бигзор бахташон бошад” ва дар тараддуди тӯй шуданд. Тӯйи онҳо хоксорона барпо гашт.
Модар дар бистари бемориаш менишаст, бо табассум мегуфт:
- Шариф, бин, писарамон домод шуд.
Ромиз гуфт:
- Модарҷон, ман хушбахтам, вақте хурсандии шуморо мебинам.
Шифо гуфт:
- Бо муҳаббат ҳама дард шифо меёбад.
Ҳама шод буданд, вале дар дили Ромиз сояи тарс буд.
Як шаб модар ногаҳон фарёд зад:
- Шариф, маро бигир, ман меафтам!
Ромиз давид, модар ба замин афтод.
- Модарҷон! Шифо, об биёр!
Модар нафаскашиаш суст шуд. Ромиз ӯро ба оғӯш гирифт.
- Модар, илтимос, об нӯшед, ҳозир мошини ёрии таъҷилӣ меояд.
Модарро ба беморхона бурданд. Дар роҳ борон сахт меборид. Ромиз мисли кӯдак мегирист: “Худоё, модарамро нагир”.
Соатҳои тӯлонӣ гузашт. Ниҳоят духтур баромад:
- Модар сактаи қалб гирифтааст, вале ҳоло вазъияташ каме муътадил шуд.
Ромиз ашк рехт. Шифо бо табассум гуфт:
- Худо меҳрубон аст.
Модар шифо ёфт, аммо ҳанӯз ҳам равонӣ ҳазён мегуфт.
Ромиз дар донишгоҳ кор гирифт. Шифо ҳомила буд. Як субҳи барфӣ модар назди тиреза нишаста буд, барф ором меафтид. Вай гуфт:
- Чӣ ором аст дил, вақте фарзандат хушбахт аст.
Шифо гуфт:
- Очаҷон, мемурам барои шумо, шумо бо дуоҳоятон моро муҳофизат мекунед.
Модар ором ӯро навозиш карда, гуфт:
- Ту келин не, ту духтари манӣ.
Оҳиста-оҳиста модар ба худ омад. Ромиз гоҳо мегӯяд:
- Муҳаббат агар забон медошт, имрӯз барои мо месуруд.
Модар шукр мекард:
- Ман шукр мекунам, ки Худо маро зинда гузошт, то хушбахтии шуморо бубинам. Шумо бахти манед.
Ромиз дасти модарашро бӯсид:
- Агар шумо набудед, мо ба ин рӯз намерасидем.
Шифо бо ашки хушбахтӣ гуфт:
- Муҳаббати пок ба ҳама чиз қодир аст.
Модар аз пешонии келинаш бӯсиду гуфт:
- Муҳаббат шифои дил аст, фарзандонам.
Берун барф меборид, аммо дар дилҳояшон баҳор мешукуфт. Ромиз ба Шифо нигарист:
- Бубин, ҳама чиз дигар шуд, ҳамааш ба шарофати сабру меҳри ту, азизи дилам.
Шифо гуфт:
- Ин ҳама ба шарофати муҳаббат аст, муҳаббати мо ва дуои модар.
Модар даст ба дуо, ашки шодӣ дар чашмонаш медурахшид:
- Эй Худо, шукр ки фарзандонам хушбахтанд.
Барф мисли парҳои сафед меафтод ва дар он ҳавлӣ хандаи се дил ҳамоҳанг мешуд.
Худо ба ҳама хонаводаҳо мисли Шифо келини боақлу ботамиз ато кунад илоҳо.
Шаҳлои НАҶМИДДИН