- Ин хел нагӯй, ҷигарома об кардӣ. Канӣ сирри дилатро кушо, каме сабук мешавӣ.
- Холаҷон…,- ончунон Мавлуда гирист, ки санги вазнинтарин ҳам аз фиғони ин духтараки ба ин рӯз гирифторшуда об мегардид.
Мавлуда ҳар нисфирӯзӣ ба бобояш ба ҷойи кораш хӯрок пухта мебурд. Бобояш кори давлатиро партофта, ба кори хоҷагии деҳқонӣ гузашта буд. Он рӯз додаракаш низ барои кумак расонидан ба саҳро назди бобояш рафта буд. То ҷойи кори бобояш роҳ чандон дур набуд.
Бо қаду қомати мавзуну кокулони дарозаш дар роҳ диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекард Мавлуда. Аз наздаш мошинҳо қатор гузашта истода, баъзе ҷавонони шӯх мошинро манъ карда, гап мепартофтанд, ки “духтари хушрӯ, куҷо меравӣ, мо дар хизмат”. Аммо Мавлуда ба ягон кас аҳамият надода, чун одат пиёда роҳашро идома додан мегирад. Пеш аз ба саҳро расидан чашмае буд. Ин лаҳза Мавлуда бехабар аз пешомади талх сахт ташна шуду хост аз оби чашма бо серӣ нӯшида, баъд рохашро идома диҳад. Барои ҳамин ба назди чашма расида, об нӯшиду сипас дасту рӯяшро шуст. Офтоби гарм сахт таъсираш карда, беҳолаш карда буд.
Ҳамин вақт мошини сабукраве омада назди чашма ист карду аз он ҷавони болобаланде фаромада, беибо ба духтарак нигариста, наздаш омад:
- Духтари хушрӯ, дар ин тоқагӣ киро мекобӣ?
…
- Ё гунгӣ!? Биё рафтем, ана ман, шоҳзодаи аспи сафед, омодаам, то шоҳдухтари зеборо бубарам.
Хост аз дастони духтар гирад, аммо Мавлуда якбора дод зад. Аз ҷавон бӯйи шароб меомад. Ҷавон аз додзании ӯ бештар ба ғазаб омада, маҷбурӣ ӯро кашола карда муште ба даҳонаш зад. Мавлуда якбора беҳуш шуда даруни мошин ғелон шуд. Ҷавон мошинро ба тарафи теппа ҳай кард. Вақте мошинро дар як гӯшаи хилват боздошт, Мавлуда каме ба худ омада, бо дандони хуншору лаби кафида базӯр, нолишкунон зорӣ кард:
- Ака, илтимос, азобам надеҳ. Ҷавоб деҳ маро, бобоям ба ту пули бисёр медиҳад. Ҷон акаҷон, маро озор надеҳ, модари ман беному нишон гум шудааст, як холаи танҳову як додараки бемор дорам. Бобоям ку аз ғами очаам абгор шудааст, маро сар те…-, зориву тавалло мекард Мавлуда пеши пойи ӯ хам шуда.
Ҷавони масти шароб бошад, мисли ҳайвон гашта, суханони духтарро намешунид.
- Ман акаи ту нестам, ин қадар маро зорӣ накун, беҳтараш бо ман меҳрубонӣ кун.
- Не, акаҷон, ман орзуву ҳаваси зиёд дорам, маро даст нарасон...
Мавлуда зорӣ мекарду ӯро бародари қиёматӣ мегуфт, аммо ин шайтонсират ба номуси ин духтараки зиндагидӯст таҷовуз карда, ӯро дар ҳамин ҳолат партофта гурехта рафт.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН