Насим-ако он рӯз дар истгоҳ истода, автобусро интизорӣ мекашид. Ҳамин вақт назараш ба ҷавонзане афтод, ки бо як марду як зани ниҳоят олуфта дар онтарафтар гап зада истодааст. Нигаристу ба назараш хеле гарм тофт ин ҷавонзан.
Ба ёдаш омад, ки ин духтари аммааш Зебунисо мебошад. Огаҳӣ ёфта буд, ки чанде пештар аз хона баромада, дигар барнагаштааст.
- Зебунисо!,- дод зад ӯ.
Ин ҷавонзан як ба одами номашро гирифта нигаристу якбора ба он марду зан чизе гуфту тез-тез қадам монда рафт. Насим-ако ба назди ин зану марди хушлибос омада пурсид, ки ин ҷавонзан Зебунисо аст? Онҳо бо ҳайрат ба ӯ нигариста, гуфтанд, ки не, амак, шумо хато кардед, ин ҷавонзан Майрам ном дорад ва дар мағоза шавҳараш истодааст. Барои ҳамин давида рафт назди ӯ.
Насим-ако дигар суоле надода, худ ба худ фикр кард, ки шояд ин ҷавонзан сахт ба Зебунисо монандие дошт.
Падари Зебунисо баъди шунидани нақли ӯ даст ба дуо бардошта, гуфт, ки худоё, духтари маро сиҳату саломат ба назди кӯдаконаш расон.
Меҳринисо баъди фаҳмидани гапи Насим-ако хеле хурсанд шуда, дар дилаш умеде пайдо шуд, ки апааш зинда аст. Зебунисо ду фарзанд дошт, як писару як духтар. Духтари калониаш дар синфи даҳум мехонд. Вақтҳои охир ин духтар ким-чихел тағйир ёфта, бо касе дуруст гап намезад. Бобову холааш гумон карданд, ки аз гум шудани модари азизаш ба ин ҳол афтодааст. Аммо Мавлуда дигар асроре дошт. Сирри ниҳонии ӯро ба ҷуз худашу худои болои сараш касе намедонист. Ҳарфи бадро ба касе раво намедид. Гов меҷӯшиду ба молҳо об медод, баробари холааш кори ҳавлии бобояшро ба сомон мерасонид. Додараку духтарони холаашро саробонӣ менамуд. Тамоми мардуми деҳа хоҳони келин кардани ӯ буданд. Аммо чеҳраи мушаввашу чашмони варамидааш аз назари холаи меҳрубонаш пинҳон намонду шабе ӯро дар танҳоӣ оғӯш карда пурсон шуд, ки чӣ дарде дорад Мавлуда.
- Духтарчон, магар аз фироқи модарат ба чунин ҳол афтодӣ?
- Не, холаҷон, дилам мегӯяд, ки модарам зинда аст.
- Оре, дили ман ҳам равшан аст. Ба фикрам Насим-амак ӯро дидааст. Аммо инаш аҷиб, ки агар ин зан модари ту мебуд, меомад гашта ба хона, ба хотири шумо - фарзандонаш.
- Холаҷон, вақти модарам аз хона баромада рафтанаш мо набудем. Шояд агар ману додаракам дар хона мебудем, ӯ гум намешуду ин қадар мо бадбахт намегардидем. Аммо дарди ман дигар аст, ин зиндагӣ бароям дигар маънӣ надорад...
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН