Муҳаббат ва интиқом (ҚИСМИ 5)
543

Он шаб Зебунисо либосҳояшро ҷамъ карду буғчаашро гирифта, аз хонаи падар ба хонаи Олим омад.

Падари Олим истеҳзоомез ӯро пешвоз гирифта, гуфт:

- Ҳа келин, бо пойи худат омадӣ. Ман ба падарат бо хубӣ гуфта будам, ки хоҳӣ шармандаи олам нашавӣ, духтаратро ба писари ман бо розигӣ ба занӣ деҳ. Ана, оқибаташ. Писари ман шер аст, шер...

Зебунисо бо чашмони пурашк ба Меҳринисо нигариста, дар танҳоӣ гуфт:

- Хоҳарҷон, ин хатои бузургро ман ҳеҷ гоҳ дар зиндагиам шуста наметавонам. Модари азизамро аз даст додам. Вақти мурданаш дар беморхона дастамро фишурду гуфт, ки ман иштибоҳи бузурге кардаам. Ман модарамро куштам.

- Ин тавр нагӯй, апа, язнаам одами хуб метобад ку!

- Ҳм, хуб дар кӯча аст.

… Баъди лаҳзае сукут гуфт:

- Хоҳарҷон, ба касе дар ин бора даҳон накушо, язнаат бо қиморбозон ҷӯра шудааст. Дилам сахт хавотир…

Ин суханони вопасини апааш ба хотираш мисли навори кино омаданду аз дилаш гузаронид, ки «пас, чаро язнаам дар бораи қиморбозиаш даҳон намекушояд?».

Акнун Меҳринисо ҳар як қадами язнаашро мепоид. Бо чашмонаш дид, ки ӯ ба хонаи Довуди балтика, ки дар Русия чор сол дуздиву роҳзанӣ карда мегашт, даромаду дигар набаромад. Довуди балтика зиёд пиво истеъмол мекард, барои ҳамин дӯстонаш ба ӯ ин лақабро гузошта буданд. Ба наздикӣ занашро зада-зада аз дар берун карда, талоқашро дод. Аҳли ноҳияву деҳа аз ӯ метарсиданд.

Меҳринисо ҳайрон шуд, ки язнааш дар хонаи ӯ чӣ мекобад: “Наход Олим ҳам бо ин гурӯҳҳои дузду роҳзан ҳамроҳ шуда бошад?”.

Бегоҳӣ дилаш тоқат накарда, оҳиста ба язнааш гуфт:

- Ман дар роҳ дидам, ки шумо ба хонаи Довуди балтика даромадед. Тинҷӣ буд?

- Ту чӣ, маро қаровулӣ мекунӣ аз ҳозира?,- нимшӯхиву нимҷиддӣ гашта ба саволаш савол дод Олим.

- Нею... назарам афтод, ки шумо ба хонаи Довуди балтика даромадед...

- Аз Русяи як дӯстам дастовезе фиристодааст, ҳамонро гирифтам.

Баъди ин суҳбат Олим хеле зираку доно шуда, кӯшиш мекард, ки барои далелҳои ёфтаи Меҳринисо коре кунад, ки шубҳае дар дилаш боқӣ намонад. Меҳринисо медонист, ки апааш аз давраи ба синни 16 расиданаш дафтари анкета-хотирот кушода, байни дугонаҳояш онро гардонда, саволу ҷавоб мекарду хотироти ҳаррӯзаашро менавишт. Тамоми ҷомадону либосҳои апаашро кофта, он дафтарро ҷӯё шуд. Дилаш гувоҳӣ медод, ки ин дафтар барои кушодани асрори гум шудани ӯ кумак хоҳад кард. Аммо ин дафтарро аз даруни либосҳои Зебунисо наёфт. Рафтани язнаашро аз хона интизор шуд. Ҳамин ки Олим аз дар баромад, зуд ба хоначаи ӯ даромада, ҷомадони Олимро кофт.

- Ана, ёфтам анкета-хотироти давраи духтариҳои апаамро,- бо хурсандӣ ӯ дафтарро ба бағалаш андохта, ба ҳуҷраи худаш даромад.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД