Муҳаббат ва интиқом (ҚИСМИ 4)
833

Олим ин лаҳза дар дил хурсандӣ дошт, ки хоҳари зебои ҳамсараш насибаш мегардад. Вақте ки аввалин бор хоҳари ҳамсарашро дида буд, қалбаш ба таппиш даромад он замон. Чунки аз Зебунисо дида Меҳринисо зеботар буд. Акнун ки пайти мувофиқ омадааст, ӯ дигар ин сайдашро аз даст доданӣ нест.

Пеши хусураш худро хеле хубу меҳрубон нишон медоду торафт ба боварии онҳо медаромад. Олим, ки то ин вақт хонаашро фурӯхта, қарзашро дода буд, айни замон аз бехонагӣ дар хонаи хусураш мезист. Ӯ кор кардан намехост. Падари Меҳринисо аз субҳ то шом меҳнат мекарду пули ёфтаашро барои онҳо сарф менамуд.

Дили омӯхтаи Олим ташнаи қимор боз роҳ сӯйи дӯстони пешинааш гирифт. Аммо ҳушёрӣ карда, шабҳо ба хона барвақт меомад, то ки хусураш ягон рафтори ноҷои ӯро мушоҳида накунад.

Меҳринисо дугонае дошт дар шаҳр, ки муҳассили донишгоҳ буду бо ихтисоси муфаттиш дар прократура кор мекард. Аз падар пинҳонӣ ба назди дугонааш рафта, дар бораи бе ному нишон гум шудани апааш нақл кард. Дар бораи ба қиморбозӣ шуғл доштани язнааш низ хабар дод. Марҳабо нақли ӯро бодиққат шуниду сипас гуфт, ки чаро онҳо аз болои язнаашон ба кормандони прократура шикоят намебаранд?

- Он гаҳ мо язнаи беори туро мувофиқи қонун дастгир карда, делои ҷиноӣ мекушоем. Ана баъд мебинӣ, худакаш ба гуноҳаш иқрор мешавад.

- Не, Марҳабо, ман ҳоло аниқ намедонам, ки язнаам дар ин кор даст дорад ё не. Апаам вақтҳои охир сахт тағйир ёфта, базӯр ба саволҳоям ҷавоб медод. Шояд аз шавҳараш қаҳр карда, дар куҷое пинҳон аст, то шавҳараш пушаймон шуда, ба қадри ӯ бирасад.

- Шояд…,- Марҳабо ҳарчанд ба ин фарзияи ӯ розӣ набошад ҳам, сар ҷунбонд.- Ба ҳар ҳол, язнаатро назорат кун. Ҳар як қадамашро ба ман хабар бидеҳ. Ба куҷо меравад, бо кӣ вомехӯрад. Дар охирин дидорбиниатон апаат чӣ гуфта буд?

Меҳринисо ба хотир овард, ки охирин бор ӯ бо ҳамроҳии падараш ба хабаргирии апааш рафтанду ӯ дастархон оварда, аз набудани нон шарм карда, қариб бигиряд. Хайрият, ки Меҳринисо кулча пухта, ҳамроҳи дигар дастовезҳо монда буд.

- Зиқ нашав, апа, ҳамааш хуб аст. Мо ин ҷо на барои ташкилихӯрӣ, балки барои хабаргирии ту омадаем. Охир, ёд кардем, туву ҷиянҳоро.

- Медонам…, аммо аз хонаи холиам шармам меояд. Кош дар вақташ ба гапи модари раҳматиам гӯш мекардам,- рӯзҳои гузаштаро ба ёд оварда, оҳи сард кашид Зебунисо.

Вақте хонаводаи Зебунисо гуфтанд, ки ба ин оилаи дар ҷомеа номаш паст духтар намедиҳанд, падари Олим қасам хӯрд, ки дигар пояшро ба хонаи онҳо намемонад. Зебунисо бошад, ҳамоно бо Олим муносибатҳои ошиқонаашро давом медод. Он бегоҳӣ ҳам модар гирякунон зориаш кард, ки “духтарам, ақлатро ба сар гир, бо ин оила ту ба ҷое намерасӣ. Зиндагиат заҳр мегардад”. Аммо Зебунисо фарогири эҳсосҳо, дарро аз дарун қулф карду ба хонаи хобаш даромада, таҳдид кард, ки худро мекушад.

Модар аз тарс пушти дар гирякунон мегуфт:

- Духтари ширинам, дарро кушо, худкушро худо намебахшад. Каме ором шаву ақли солиматро кор фармо. Фардо вақте пушаймон шудиву ба қадри суханони мо расидӣ, хеле дер мешавад. Чунки падару модарро ҳеч гоҳ ёфта намешавад. Ман худам касалиам, рӯзҳои умрам башумор мондааст. Ту инро медонӣ, дарро кушо...

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД