Олим ҳарчанд ба қиморбозӣ машғул ҳам бошад, касе аз хешу таборон ин рафтори номақбули ӯро намедонистанд. Чунки Олим дар байни ҷомеа олуфтаву тоза либос пӯшида, ба касе дар ин бора ҳарф намезад.
Зебунисо ҳам дамаш ба дарун, ба касе дар бораи зиндагии сагонааш шикоят намекард, ба ҷуз ягона хоҳаракаш Меҳринисо. Аммо Олим намедонист, ки хоҳарарӯсаш аз қиморбозии ӯ бохабар аст. Ба хонаи хусураш омада, гӯё чизе нашуда бошад, боодобона салом дода, рӯйи курпачаи махмалин нишаст. Падари Зебунисо ба рӯйи домодаш синчакорона нигариста, ҳолу аҳволи онҳоро пурсон шуд:
- Чихелӣ, домодҷон, хубӣ? Саломатии Зебунисо чӣ хел аст? Чаро ӯ наомад?
Ҳамин вақт духтару писарчаи Олим давида, “дадаҷон” гӯён сӯяш оғӯш кушоданд.
- Очам канӣ? Чаро ҳамроҳат наомад?
- Очаатон дина аз ман ҷавоб гирифта, ба хабаргирии шумо омада буд. Ман барои бурдани шумову очаатон омадам.
- Чӣ хел?,- ранги рӯйи падари Зебунисо сап-сафед канда, бо ғазаб ба Олим нигоҳ кард.
- Ҳа тағоҷон, дина ӯ ба дидорбинии шумо омада буд.
- Ту чиҳо гуфта истодаӣ? Зебунисо ба ин ҷо наомадааст.
- Ту ӯро намегузорӣ, ки дар дасташ телефони мобилӣ гирифта гардад. Акнун дараки ӯро аз куҷо меёбем. Дар роҳ ба ягон садама дучор нашуда бошад?,- падари Зебунисо аз дурии роҳ ба ташвиш афтода, ба сад андешаи бад рафт.
Ба ҳама шиносу хешу таборон занг заданд. Касе Зебунисоро дар даҳ рӯзи охир надида буд. Падари Зебунисо дигар чорае наёфта, бо ҳамроҳии Олим ба шуъбаи милисаи ноҳия рафта, ариза навиштанд. Кормандони милиса акси ӯро гирифта, ба тамоми шуъбаҳои дигар тақсим карданд. Олим ҳамоно худро бепарво нишон дода, дам ба дам ба хусураш мегуфт, ки «тағоҷон, вақтҳои охир духтаратон хаёливу парешонхотир шуда буд. Метарсам, ки рӯҳан касал шуда, ба ягон ҷо рафта худро накушта бошад».
- Не, хато кардӣ, домод. Духтари ман як бор вақти ба ту ба шавҳар баромадан хато карда буд. Аммо ӯ ҳаргиз даст ба худкушӣ намезанад. Чаро ин тавр мегӯӣ? Ё байнатон ягон ҷанҷол рух дод?
- Не, тағоҷон. Ман дар сменаи шабона дина дар кор будам. Бегоҳӣ баромада ба деҳа омаданӣ буд.
- Ин духтар куҷо рафта бошад?
Аз байн даҳ рӯз гузашту аз Зебунисо дараке нашуд. Олим ҳам қатори падари ӯ худро ғамгин нишон дода, нола мекард. Падари Зебунисо аз рафтори Олим чизеро пайхас накарда, ҳамоно дар кофтукоби духтари бадбахташ буд. Ӯ ба хотир овард, ки дар охирин дидорбинӣ Зебунисо ким-чихел бемор барин рангу рӯяш заб-зард, базӯр гап мезад. Иштиҳои хӯрокхӯрӣ ҳам надошт. Падар он вақт пурсон шуда буд, ки саломатиаш чӣ тавр аст? Зебунисо оҳи сарде кашида, гуфта буд, ки «падарҷон, ман каме хастагии рӯҳӣ дорам. Аммо ҳоло фақат алафи ҷамилак менӯшам. Иншоаллоҳ сиҳат хоҳам шуд. Шумо зиқ нашавед. Баъди марги модарам ману хоҳарам ғайр аз шумо ягон кас надорем. Худро эҳтиёт кунед». Ин охирин суҳбати падару духтар буд.
Духтари дигари хонавода Меҳринисо чанде пештар ба шавҳар баромада буду аз сабаби рашки шавҳар дер-дер ба хабаргирии падар меомад. Меҳринисо баъди гум шудани апааш рӯҳафтода шуда, сахт ба фикр рафт, ки апааш дар куҷо бошад. Дилаш аз язнааш бад буд. Медонист, ки ӯ ба қиморбозӣ машғул аст. Вале дар ин бора ба касе чизе нагуфт. Чунки далеле надошт.
Олим бошад, аз ҷӯраҳояш гурехта, ба муҳоҷират рафтанӣ шуд. Падари Зебунисо барои ӯ чипта харида, ба назди хешовандонаш ба Русия фиристод.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН