Олим тамоман ҳушёр шуда, дарк кард, ки онҳо ҷинояткор ҳисоб мешаванд, агар касе дарак ёбад. Барои ҳамин ба гуфтаҳои Меҳринисо гӯш доду дасти Аброрро баста, илтимос кард, ки дар ин бора ба ҷое шикоят набарад.
- Ба як шарт, ҳамин духтаратро ба ман медиҳӣ?
- Агар бо тӯю тамошо гӯйӣ, ман розӣ.
Мавлуда, ки шоҳиди ин ҳама номардиҳои падар буд, гирякунон дод зад:
- Ман худамро мекушам! Падар, охир ин фосиқ маро дар адири деҳа дастгир карда, маҷбурӣ даст расонида буд. Ман агар ӯро ҳозир ба суд диҳам, ӯро ҳабс мекунанд.
- Кай? Э духтар, айби дигар касро ба сари ман бор накун!,- айёрона фарёд зад Аброр.
Аброр ҳамин лаҳза ҳис кард, ки сабаби кордкашии ин духтар чӣ будааст.
- Ман афсӯс мехӯрам, ки корд ба дили ту нарасид, вагарна аз ин ҷо ҷасади туро мебурданд.
- Шуд акнун ҷангу ҷанҷол, ту сиҳат шав, баъд масъалаи тӯйро мегузорем,- ҳамоно хунсардона гуфт Олим.
- Ту ба ман падар нестӣ!
Меҳринисо аз доду фарёди онҳо тарсида гуфт, ки Аброрро ба хонаи хобаш бараду ором кунад, субҳ дар ин бора суҳбат мекунанд.
Субҳи солеҳон Меҳринисо дар ҷойгаҳаш Мавлударо надида, сахт ба ҳарос афтод. Давида ба оғил рафт, он ҷо ҳам набуд Мавлуда.
- Ин духтар худаш ку паривара шуда буд, боз ба куҷо рафта бошад?
Ба хонаи Олим даромад. Аброр, ки ҷароҳаташ на он қадар сахт буд, аллакай ба асли қадим баргашта, бо Олим сари дастархон суҳбат карда менишаст.
- Язна, канӣ Мавлуда?
- О пеши ту хоб буд ку!
- Нест Мавлуда, куҷо рафта бошад саҳарии барвақт?
- Дарвоза кушода асту ӯ нест…
Он рӯзи дароз Меҳринисо Мавлударо кофтукоб кард. Аммо худе ки Мавлударо замин кашида бошад, беному нишон бо ҳамон хилъати хонагиаш нопадид гашта буд. Бегоҳӣ падари Меҳринисо ба хона баргашту аз ҳодисаи шабина рухдода бохабар шуда, қариб аз ақл бегона шавад.
- Канӣ набераи ман?
- Намедонам, падар.
- Олим, ёфта деҳ набераамро!
- Охир, ман падараш ҳастам, аз куҷо донам, ки ӯ куҷо рафтааст?
Ин дафъа падари Меҳринисо сахт дар қаҳр шуда, кормандони милисаро фарёд кард. Тамоми мардуми деҳа ва кормандони милиса Мавлударо ҷустуҷӯ мекарданд. Аммо аз ӯ ягон нишонае наёфтанд. Бобояш баъди гум шудани набера тамоман худро аз даст дода, бо касе гап намезад.
Аз байн панҷ моҳ гузашт, Мавлударо наёфтанд. Меҳринисо ба фикрҳои ҳархела мерафт, гоҳе фикр мекард, ки шояд Мавлударо париҳояш бурда бошанд ва боз астағфурулоҳ гӯён гиребон мегирифту андеша мекард, ки шояд Олиму Аброр ӯро бурда дар ягон ҷо маҳкам кардаанд. Чунки аз дасти Олим барин одами худозада ҳама корро интизор шудан мумкин аст.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН