Муҳаббат ва интиқом (ҚИСМИ 13)
1146

Меҳринисо бо ҷиянаш аз назди фолбин баромада, дар роҳ худ ба худ зери лаб мегуфт: «Тавба кардам Худоё, ин хел ҳам мешудааст. Тавба…».

Ба хона расида, каме истироҳат карду барои бегоҳӣ хӯроки шом пухт. Бегоҳӣ Олим бо ҳамроҳии як ҷӯраи бадмасташ ба ҳавлӣ даромаду ба Меҳринисо фармон дода, пурсид:

- Ягон хӯроки тайёр дорӣ? Зуд дастархон андоз, ман меҳмон овардам.

Меҳринисо ба чеҳраи баднамуди меҳмони нохондаи язнааш нигариста, чизе нагуфту назди онҳо дастархон партофт. Падараш имрӯз ба шаҳр хонаи як хешашон барои маросими солро гузаронидан рафта буд. Шавҳари ин хеши дурашон як сол пештар бандагӣ карда буд. Олим ҳам аз набудани хусураш истифода бурда, меҳмон овард. Сари дастархон боз ду шиша арақ бароварду ҳарду то нимашаб нӯшиданд. Садои баланд-баланду қоҳ-қоҳ зада, бешармона хандидани онҳо ба гӯши Меҳринисову фарзандон расида, қаҳру ғазабашро бештар мекард. Мехост рафта аз гиребони язнааш гираду муште ба рӯяш фарорад. Аммо боз истиҳола карда, тоқат кард, ки зудтар меҳмони ӯ равад. Аммо меҳмон ба ҷое рафтанӣ набуд.

Мавлуда аз ин рафтори падар сахт озурда шуда, ба утоқи ӯ даромаду якбора меҳмонро дида, фарёд кашид:

- Ин туӣ?

Меҳмони масти шароб як ба чеҳраи Мавлуда нигаристу ӯро нашинохта, гуфт:

- Олимҷон, ин паризод кист?

- Ин духтарам Мавлуда. Ту уро мешиносӣ магар?,- саволомез ӯ ҳам ширикайф ба духтараш нигоҳ кард.

- Оре, падар, ин лаъинро ман ба хубӣ мешиносам,- гирякунон аз хона баромад Мавлуда.

Аммо ҳанӯзам ин ҷавонмарди масти шароб нафаҳмид, ки ин духтарак яке аз сайдҳои навбатии нафси шаҳвонии ӯ аст. Олим ку аз доду гиряи духтараш чизеро пайхас накарда, ба пиёлаи меҳмон шароб рехту ташкилиашонро идома дод.

Меҳринисо гиряи дардноки Мавлударо дида, ӯро ба оғӯш кашида, пурсид:

- Чӣ ҳодиса рух дод?

- Холаҷон, ин ҳамон лаънатиест, ки дар адир ба ман дарафтода буд. Ман ин беимонро зуд шинохтам.

- Шояд хато карда бошӣ, духтарам?,- аз дилаш гузашт, ки Мавлуда бемор асту тамоми мардҳоро ҳамин хел дар симои душманаш тасаввур мекунад. Аммо Мавлуда хато накарда буд. Ин мард Аброре буд, ки бо шӯрапуштиву авбошӣ ном бароварда буд.

Меҳринисо Мавлударо ором карда ба хона дароварду як ҳаби демидрол дод. Баъди хоб рафтанаш чароғро кушту хонаро аз дарун қулф кард. Шабона дар тақ-тақ шуда, садои пасти мардона баромад:

- Дарро кушоед, ин ман.

- Кӣ?

- Аброр, меҳмони Олим.

- Чӣ мехоҳӣ?

- Олим аз ман қарздори сахт аст, барои ҳамин шабона даст дод, ки духтарашро ба ман якшаба мебахшад.

- Чӣ, лаънатӣ!? Ҳозир ҳамсояҳоро фарёд карда, шармандаи рӯйи заминат мекунам!

- Э кушо дарро, вагарна дарро шикаста медароям!

Аз садои баланди ин фосиқ Мавлуда ҳам аз хоб бедор шуда, мисли гург дод зада, ба холааш гуфт:

- Хола, натарсед, кушоед дарро, ку ин номард ба хона дарояд.

- Не, ҷони хола, мегӯянд, ки девона гурез, ки маст омад, саҳар ҳушёр мешаваду аз кардааш пушаймон. Ин ҳама айби падари беномусат аст.

Аммо Аброр аз таги дар дур нарафта, торафт сахттар дарро мезад. Ин дафъа чунон дарро кӯфт, ки қулфаки он шикаставу кушода гардид. Мавлуда аз ҷояш хесту аз назди тиреза кордро гирифта сӯйи ӯ давид. Меҳринисо хост кордро аз дасти ӯ бигирад, аммо натавонист. Мавлуда ба дасти Аброр якчанд зарбаи хунин зад. Ин дам аз дами дар Олим калавида-калавида омада, ин ҳодисаро дида, якбора ҳушёр шуда, ба Мавлуда дарафтоду кордро аз дасташ гирифт. Аброр бо дасти пурхун дами дар афтоду нолиш карда, гуфт, ки ӯро зудтар ба беморхона баранд. Аммо Меҳринисо аз оқибати ин ҳодиса андеша карда, зуд дарро маҳкам пӯшиду ба Олим гуфт:

- Хомӯш бошу ба ман кумак кун, то хуни ӯро тоза карда, дору молем. Наҳсии ту зад...

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД