Дар деҳаи Марфинои минтақаи Мытищии вилояти Маскав як зани муҳоҷири тоҷикро саг бераҳмона газида, то ба марг расонидааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Як зани 49-солаи тоҷик бо номи Муҳаббат дар Русия бар асари ҳамлаи саг ҷони худро аз даст додааст. Тавре ки расонаҳои русӣ навиштаанд, ин зан дар деҳаи Марфинои минтақаи Митиши дар як бӯстонсарой ба ҳайси коргари хона (домработница) кор мекардааст ва саги соҳибхона ӯро бераҳмона газида, то ба марг расонидааст.
Аз рӯйи нақли ҳамсояҳо соҳиби бӯстонсарой соҳибкори сарватманд буда, вақти сар задани ин ҳодисаи мудҳиш дар хона набудааст. Аҳли оила барои истироҳат ба хориҷи кишвар рафтаанд, Муҳаббат бошад, хонаву дари онҳоро нигаҳбонӣ мекардааст. Сабаби ҳамлаи саг ба зан маълум нест.
Ҷисми бе ҷони ба хун оғӯштаи Муҳаббатро ҳамсояҳо аз сари девор дида, ба пулис хабар додаанд.
Гуфта мешавад, ки саги бадхашми зоти мустаф сару рӯй ва дасту пойҳои зани муҳоҷирро пора-пора кардааст. Ин зоти саг ба сегонаи сагҳои бадхашмтарини ҷаҳон дохил мешавад ва хеле хавфнок буда, одамро зинда ба зинда пора мекунад.
Марҳум Муҳаббат зодаи Тоҷикистон буда, барои дарёфти ризқу рӯзии фарзадонаш ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд. Ҳамсояҳои соҳибкор аз ӯ ҳамчун зани хеле меҳрубон ва хушқалбе ёд кардаанд, ки ба касе ҳатто як зарра ҳам зарар намерасонд.
Кумитаи тафтишотии Россия дар робита бо ин ҳодисаи нохуш парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишот идома дорад.