Sebiston new 2024 october
Муҳаббат: 40- сол боз хусурбачаи девонаамро нигоҳубин мекунам
1525


Чанде пеш наворе ба дасти мо расид, ки марди ноқисъулақл дар як хоначаи намноки бадтар аз оғил зиндагӣ мекард. Ин навор дили моро ба дард оварда, сӯи манзили ин мард рщ пеш гирифтем.

Қаҳрамони навор сокини ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Урунбой Дустматови 66-сола будааст. Вай ҳанӯз аз овони кӯдакӣ аз падару модар ятим монда, бар замми дарди гарони ятимӣ боз руҳан бемор, яъне девонаавзоъ ва гунг аст.

Урунбой дӯстматов ҳаёти сахту сангине ба сар мебарад, зеро сухани аҳли хонаводаро шунавад ҳам, ҷавоб гардонида наметавонад ва бо имову ишора мақсадашро мефаҳмонад. “Одамӣ дили нозук дораду ҷони сахт” гуфтани халқ беҳуда нест, ин мард низ беш аз ним аср боз бо азобҳои алим дар як хоначаи бадбӯй зиндагӣ карда истодааст ва ба ҷуз чор девори хонаи намноку 3-4 нафар аҳли оилааи акааш дигар касе ҳамдаму ҳамрозаш нест.

Келини берӯзӣ
Холаи Муҳаббат, янгаи Урунбой аз тақдири шумаш нолида гуфт:
-Беш аз 40-45 сол мешавад, ки ман хусурбачаи девонаю гунгамро нигоҳубин мекунам ва дастам шабу рӯз дар даруни тағраи ҷомашӯӣ аст, чунки вай ақл надорад ва тару хушкашро дар ҷойгаҳ мекунад.”
Замистону тобистон торҳои ҷомашуии холаи Муҳаббат пур аз либосҳои қайнияш аст. Ҷони зан аз чунин зиндагӣ ба лабаш расидааст, зеро бар замми парастории додаршӯйи девонаавзоъаш шароити иқтисодии зиндагиашон низ бениҳоят вазнин буда, илова бар ин, ақаллан як писар надорад, ки дасти падару модарашро гирифта, каме ҳам бошад, дар кашидани аробаи шалақи зиндагӣ ёрӣ расонад.
“Аз оғоз зани сарсахте будам. Аз даврони арӯсиам то дами пирӣ корам танҳо девонабонию давидан аз паси ташвишҳои зиндагӣ асту халос. Дар умрам ягон рӯзи хушро надидаам. Аз рӯзҳои аввали хонадорӣ то ба имрӯз шикамам нони сериро намебинад ва дастам мудом дар даруни тағраи ҷомашӯӣ аст. Вақте ки ман келин шуда ба ин хона омадам, ҳамин хусурбачаам 10-11 сола буду имрӯз 66-сола шудааст. 44-45 сол мешавад, ки корам нигоҳубини ҳамин додаршӯйи беморам аст. Тасаввур мекунед, ки тӯли ин солҳо ман чи қадар ранҷу азоб кашидам ва чи рӯзҳои сахтеро аз сар гузаронидам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, қарзу қавлаи бисёре карда, чор хоҳаршӯямро ба шавҳар додем ва чанд сол худамон нахӯрдаю напӯшида, қарзро кандем”-ҳасрат кард холаи Муҳаббат.
Як духтарам худашро овехта кушту...
Муҳаббат ин ҳамаро аз тақдиру пешонӣ медонад, вале аз он ки худованд бар замми ин ҳама ранҷу азоб, боз дарди ҷонсӯзи фарзандро ба ӯ раво дидааст, хеле андӯҳгин аст. Ӯ то ҳол чеҳраи духтари ҷавонмаргашро фаромӯш карда наметавонад ва бо чашмони ашкбор қисса мекунад:
“Зиндагиамонро каме беҳтар кунем гуфта бо умед ба Русия рафта будем, вале ин сафар ба ҷойи хурсандиву оромиш ба сари мо бадбахтии азимеро оварда, як умр ба гирдби ғаму дард гирифторамон кард. Соли 2007 вақте ки мо дар Федератсия Россия будем, духтарам дар хона худашро овехта куштааст. Барои модар аз марги фарзанд дида, алами ҷигарсӯзтаре нест. Мурам ҳам, ҳаргиз чеҳраи духтари нозанинам аз пеши назарам дур намешавад ва ҳар гоҳе, ки ба ёдам расад, дилу ҷигарам хун мешавад...”
Ҳоло Муҳаббат ҳамроҳи духтараш, ки шавҳар дошта бошад ҳам, дар хонаи волидонаш истиқомат мекунад, зиндагӣ карда истодааст ва мегӯяд, ба ҷуз як гӯсола дигар дар бисоташон чизе надоранд.
Хонаи бадбӯй ва ҳоли зори оила
Корманди ҷамоати Исфисор Қурбонҷон Ҳайдарова ҳангоми сӯҳбат бо мо гуфт, ки вақте ба аёдати Урунбой Дӯстматов рафт, аз бӯйи бади ҷои зисташ ба хона сар дарун карда намешуд. Ҳайдаров бо худ чор-панҷ дона самбуса бурда будааст ва мард аз ғояти гуруснагӣ бо дастони ларзон як самбусаро ба пуррагӣ ба даҳонаш андохтааст.
Бародараш Абдумалик Маҷидов ба корҳои саҳроӣ банд буда, ҳамсараш уҳаббат Маҷидова Урунбойро нигоҳубин мекунад. Зан аз он нороҳат аст, ки хусурбачаи аз ақл бенасибаш мустақилона ба қазои ҳоҷат намеравад ва ҷогаҳро ҳамеша ифлос мекунад.
Дар ҳақиқат рӯзе, ки ба ҳавлии онҳо рафтем, дохили хона он тараф истад, ҳатто дар буйи бади саҳни ҳавлӣ тоқат кардан мушкил буд. Аҳли ин оила дар чунин шароити вазнин зиндагӣ мекунанд ва ниёз ба дастгирии мову шумо доранд.
Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД