Arzon march 2024
МОТАМИ МИЛЛӢ ДАР ЧАД
1367


Дебӣ аз моҳи декабри соли 1990 дар садри ҳукумат қарор дорад. Рӯзи 11 апрел дар кишвар интихоботи президентӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа ӯ бо касби 79 дарсади овозҳо бори шашум кишвардор интихоб шуд.

Президенти Чад Идрис Дебӣ, ки тоза бори шашум преизденти кишвар интихоб шуд, дар ҷараёни ҷанг алайҳи шибҳанизомиён дар шимоли кишвар ҷон дод, хабар медиҳад "Франс Пресс" бо такя ба изҳороти низомиён.

"Идрис Дебӣ Итно зимни муҳофизати тамомияти арзии кишвар ҷон бохт. Мо бо андӯҳи амиқ ин хабарро ба мардуми Чад мерасонем", гуфт сухангӯи артиш генерал Аъзам Бермандоа Агуна дар суҳбат бо як телевизиони маҳаллӣ.

Гуфта мешавад, ки дар рӯзи интихобот, нерӯҳои мусаллаҳи Фронти тағйирот ва мувофиқат дар Чад (FACT) ба минтақаи Зуаркеи Чад ҳамла карданд. Нерӯҳои ҳукуматӣ, ки ҷузъҳои зиреҳпӯшро дар бар мегирифтанд, 17 апрел 300 километр шимолтар аз Нҷамена ба шибҳанизомиён дарафтоданд ва онҳоро мағлуб карданд.

Дар ин ҷанг беш аз 300 нафар шӯришчиён кушта шуда, 150 нафари дигар ба асорат гирифта шуданд. Ин амалиётро худи президент роҳбарӣ кардааст. Дар ҷараёни ҷанг ӯ сахт маҷрӯҳ шуда ҷон бохтааст.
Дебӣ аз моҳи декабри соли 1990 дар садри ҳукумат қарор дорад. Рӯзи 11 апрел дар кишвар интихоботи президентӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа ӯ бо касби 79 дарсади овозҳо бори шашум кишвардор интихоб шуд.

Пас аз марги президент, дар кишвар шӯрои ҳарбии гузариш таъсис ёфт, ки раҳбариашро писари Дебӣ Махамат ба ӯҳда гирифт. Дар ояндаи наздик "оинномаи гузариш" интишор хоҳад шуд.

Дар Чад ду ҳафта мотами миллӣ эълон карда шуд ва аз соати 18:00 то 5:00 субҳи соати комендантӣ ҷорӣ карда шуд. Инчунин, низомиён сарҳадро бастаанд.
Чад дар минтақаи Сахели Африқо ҷойгир аст, ки яке аз минтақаҳои мушкилтарини қитъа бо сабаби террористон ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад.

Соли 2014 Фаронса дар ин макон амалиёти зиддитеррористии "Бархан" - ро оғоз кард. Ин рисолатро сохтори минтақавии "Панҷгонаи Сахел" (G5), ки ба ҳайти он Буркина-Фасо, Мавритания, Мали, Нигер ва Чад дохил мешаванд, дастгирӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД