arzon replenishment
МОТАМ ДАР ЭРОН
2100

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи гузашта аз фавти 459 нафар хабар дод.

Симо Содоти Лорӣ сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 9 ҳазору 236 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 712 нафар бистарӣ шудаанд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар Эрон ба 682 ҳазору 486 нафар расидааст, афзуд: "Муттаассифона дар 24 соати гузашта, 459 нафар аз беморони Ковид- 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 38 ҳазору 291 нафар расидааст.

Бинобар гуфтаи сухангӯии вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 520 ҳазору 329 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо ҷавоб ёфтаанд.
Теъдоди нафарони мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 50 миллиону 360 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдоди дасти ками як миллиону 250 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 35 миллиону 403 ҳазор нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Амрико бо беш аз 10 миллиону 185 ҳазор мубтало ба вируси корона ва дасти ками 243 ҳазор қурбонӣ, бештарин теъдоди мубталоён ва ҷонбохтагонро ба худ ихтисос додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД