Замоне ҷавонмардон соҳиби асп шуданро орзу мекарданд, зеро аспи хушзот доштан як нишонаи қудратмандии мард ба шумор мерафт. Бо мурури замон ҷойи аспро автомобил гирифт. Мардони муосир дилбохтаи автомобил буда, кӯшиш менамоянд, ки бо кадом роҳе набошад, соҳиби мошин шаванд.
Албатта як дастёри бе миннат буда, натанҳо соҳибашро ба сонӣ ба манзили мурод мерасонад, балки дар пешбурди рӯзгор низ кӯмак мекунад, вале баъзан ин “аспи оҳанӣ” ба сари соҳибаш фалокатҳои азимро оварда метавонад. Ҳодисае, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайвастааст, далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазрати умури дохила аз сар задани як садамаи хунин хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, санаи 31-май, тахминан соатҳои 11.30 ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЖИНБЕИ”, Оев Эраҷ Ғафорович, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти роҳи мошингарди ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳаи Ҳасанободи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идора кардани автомашина набаромада, ба чуқурии канори роҳ чаппа шудааст. Ронанда дар ҷойи ҳодиса ҷон дода, мусофири автомашинаи мазкур Мамадраҷабов Фирӯз Файзуллоевич, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ҳамин ноҳия бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ карда шуд.