arzon replenishment
Мошини 300 ҳазораро бе пул бурду...
22.02.2022
Оила
2525

Бо дидани мошини наппа нав, ки дар зери шуои офтоб ялаққос мезад, дилаш гум зада рафт. Дар ҳақиқат ба мошин гуфтан меарзад, тамғаи “Ауди-8” солаш ҳам нав, сари чамбараки чунин мошини гаронбаҳо нишаста, кас худро мисли шоҳзода ҳис мекунад, вале....
300 ҳазор сомонӣ! Пули кам не албатта!
Вай ин қадар пул надошта бошад ҳам, забони ширин дошт ва қарор дод, ки илоҷе карда, дили соҳиби мошинро меёбаду соҳиби “Аудӣ” мешавад, аммо...
Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як марди 31-солаи сокини ноҳияи Кушониён бо гумони қаллобӣ хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҳанӯз моҳи октяби соли 2020 ин ҷавони фиребгар ба боварии як марди 36-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даромада, бо ваъдаҳои бардурӯғ мошини тамғаи “Аудӣ-8”-и ӯро, ки 300 ҳазор сомонӣ арзиш доштааст мегирад ва бар замми ин, аз соҳиби мошин боз 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда медиҳад, ки дар наздиктарин фурсат ҳам қарзи гирифтааш ва ҳам пули мошинро меорад, вале аз байн қариб ду сол гузашта бошад ҳам, то ба ҳол ба қавлаш вафо накардааст.
Тафтишоти ҷузъиёти дигари ин ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад ва дар сурати исбот шудани гуноҳаш харидори фиребгар чанд соли умрашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД