Як мори калони питон занеро сайди хеш қарор дода, зинда ба зинда фурӯ бурдааст. Дар ин бораи сомонаи ӯзбекии ВВС хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, субҳи рӯзи якшанбеи 23-октябр Ҷаҳра ном зани 50-сола ҳангоми ба кор рафтан мавриди ҳамлаи мори питон қарор гирифтааст. Ҷаҳра шоми якшанбе аз кор ба хона барнагашт ва пайвандонаш ба ҷустуҷӯи вай оғоз намуданд, вале зан бе ному нишон ғайбзада буд.
Рӯзи дигар сокинони деҳа мори питонеро пайдо кардаанд, ки шикамаш варамида буд. Онҳо морро кушта дарунашро чок мекунанд ва ҷисми бе ҷони занро дар дохили мор пайдо намуда, ба даҳшат меафтанд. Питон ҷисми занро дар ҳолати будун фурӯ бурда будааст.
Шавҳари Ҷаҳра шаби якшанбе, баъди якбора бе ному нишон гаштани занаш ороишоти ӯро аз роҳи канори киштзор, ки ҳар рӯз зан бо ҳамон роҳ ба кор мерафтааст, пайдо карда, ба сокинони деҳа хабар медиҳад. Рӯзи дигар мардуми маҳаллӣ як мори питони дарозиаш 5 метрро пайдо мекунанд ва бо дидани шиками варамидаи ин хазандаи азимҷусса ҳисси кунҷковиашон боло гирифта, морро зада мекушанд, то фаҳманд, ки дар шикамаш чи бошад. Вақте ки шиками морро чок карданд, онҳо ҷисми занро дар дарунаш пайдо карда, дарк намуданд, ки мор Чаҳраро зинда ба зинда фурӯ бурдааст.
Ҳарчанд чунин ҳодисаҳо хеле кам рух медиҳанд, аммо ин бори аввал нест, ки як мори азим дар Индонезия як нафарро мекушад. Солҳои 2017-2018 дар ин кишвар ду нафарро мор фурӯ бурда буд.
Дар байни морҳо баъди мори анаконда питон аз ҳама хавфноктарин ба шумор меравад. Питонҳо сайди худро пурра фурӯ мебаранд, зеро атрофи даҳони онҳо хеле чандир буда, метавонанд даҳони худро барои фурӯ бурдани ҳама гуна сайд кушоянд. Маъмулан морҳо бештар ба қурбоқаҳо, каламӯшҳо ва ҳайвоноти начандон калон ҳамла мекунанд, аммо дар ҳлати сахт гурусна мондан морҳои азим метавонанд ба сайди аз ин ҳам калонтар ҳамла кунанд. Баъзан морхо ба хукхо ва ҳатто чорвои калон ҳамла мекунанд, вале ҳодисаҳои ба одамон ҳамла кардани мор хеле кам рӯй медиҳанд.
Мэри-Рут Лоу, мутахассиси ҳифзи табиати ваҳшии Сингапур, мегӯяд: “Андозаи мор ҳар қадар калонтар бошад, ҳаҷми сайдаш ҳамон қадар калонтар мешавад".