Arzon march 2024
Мори нафс (ҚИСМИ 3)
12.02.2025
ДИЛОШӮБ
1571

Дуои модари хунҷигар

Ёд дорам, модарам ин суханҳои келинашро ба ман мегуфту зор-зор гирист. Бо алам ба хонаи дигар гузаштам, то Гулнораро насиҳат кунам. Ӯ мисли ҳамешагӣ пешаш як табақ қурутоб, бо ҳавсала мехўрд. Маро низ таклиф кард, вале ман баҳона карда, як пиёла чой рехта, боз назди модарам баргаштам. Ҳозир қурутобашро хўрда шавад, баъд ҳамроҳаш гап мезанам гуфтам бо чашмони ашколуд. Модарам сарамро сила карда, пиччиррос зад:

- Ҳамин туву хоҳаракатро бо акаат душман накард, хуб, ба умри ман рўзҳои башумор мондааст, худатро ганда накун, худат бо чашмонат мебинӣ, як рўз не, як рўз аждаҳои нафсаш дилу ҷигари худашро мехўрад…

Сарамро ба пойи модари меҳнатрўзиям монда, каме гиристаму ба андеша рафтам, ў рост мегуфт… Гулнора ба ману хоҳарам кор надошт, шояд аз он хотир, ки мо бо дастовезҳои зиёде ба диданаш меомадем. Шавҳари ман тоҷир буду ҳар даъфаи хабаргирии модар аз гўшт сар карда, то орду равғану қанду қандалотро меовардам, шавҳари хоҳарам прокурор буду ў аз ман зиёдтар анвои хӯрданӣ меоавард. «Ҷин»-ҳои Гулнора танҳо ба акааму янгаам буданд, аз чӣ бошад, онҳоро бисёр бад медиду сояашонро аз девор метарошид, бо ҷодугарию муллобозӣ бародаронамро аз ҳам ҷудо карда буд. Ин ду нафари як вақтҳо ба ҳам хеле меҳрубон сояи якдигарро аз девор метарошиданд. Модарам низ, бо дили пурғусса дунёро тарк гуфту ҷони Гулнора ба қавле халос шуд, акнун ману хоҳарам низ, хеле кам ба хонаи падарӣ мерафтем.

Пас аз сари модар

Аз марги модарам панҷ сол сипарӣ гашт, дар ин миён бародарам ҳоҷӣ шуд, Гулнора ду духтарашро ба шавҳар доду аз хешҳои худаш барои писараш келин фаровард. Ва Худо бо дасти келин ҷазояшро дод. Санавбар барои як эроди хушдоман хонаро ба сараш бардошта, ба милиса арз мерафту ба кумитаи занҳои ноҳия шикоят мебурд. Аз дасти келини милисабоз додарам кору борашро бас кард, рў ба ибодат оварду рўзашро дар масҷид бегоҳ менамуд. Пас аз чор соли келиндорӣ Гулнора ду духтари дигарашро низ ба шавҳар доду бо писаронашу келини ҷангарааш танҳо монд. Шояд дуои модарам ўро гирифт, ки як сол боз зани додарам, ки синнаш нав ба чилупанҷ расидааст, ба бемории табобатнашаванди ҷигар гирифтор аст. Келинаш ўро “беваи дарди сар, мемурӣ, мур, намемирӣ, сиҳат шав” гўён он қадар ҷазо дод, ки ҳоло ўро додаронаш нигоҳубин мекунанд. Мешунавам, ки янгаҳояш низ ўро чашми дидан надоранду аз тарси шавҳарҳояшон лаб во карда наметавонанд…

Чанде пеш падарамро хоб дидаму субҳи барвақт ош пухта, ба ҳамсояҳо тақсим намуда, роҳ пеш гирифтам ба сўйи манзили падарӣ. Додарам чун ҳарвақта дар масҷид буд, ду писари калонӣ дар Русия, савумӣ дар хизмати ҳарбӣ, хурдӣ, ки дар синфи ҳафт мехонад, дар як гўшаи замин алаф медаравид. Келин ҳамроҳи се кўдаки хурдсолаш дар қитъаи замини фермерии ҳамсоя пахта мечидааст. Ҷиянам наздам омада, бо ман нишаст ва гуфт, ки модарам дар хонаи бибию бобоям аст. Ростӣ, аз дидани боғу роғи харобу хонаву дари ифлосу вайрона дилам хун шуд, мошин киро карда, ба деҳаи волидони Гулнора роҳ пеш гирифтам. Роҳравон меандешидам, ки янгаам виҷдону имонашро барои ҳамин хонаву дари бошукўҳ сӯхт, бо ҷоду додару акаамро ба ҳам душман гардонид, аммо имрўз онҳо ба як вайронае шабоҳат доранд. Худаш бемору дар ба дар…

Аждаҳои нафс

Дарвозаи фарсудаи волидони Гулнораро кушодаму вориди хонаи фақиронаи онҳо гаштам. Янгаам, ки рўйи бистар мехобид, бо дидани ман нимхез шуда, бо шодмонӣ аз ман авҳолпурсӣ кард. Рўйи дастархони обшўста як пора нони қоқ ва дар як лаълича чанд қанд меистод. Падару модари пири Гулнора аз омадани ман хабардор шуда, дастархон андохтанӣ шуданд, вале ман пеш аз иди Қурбон рўза гирифта будаму онҳоро аз ташвиш озод кардам. Дар як соати он ҷо будани ман янгаам беист мехўрд, гоҳ пораи нонро мегирифту гоҳи дигар бурдаи помидор, гоҳ ҷурғот талаб мекарду гоҳи дигар нок. Шояд нигоҳи пурҳайрати маро эҳсос кард, ки гуфт:

- Апаҷон, шабу рўз мехўрам, аммо гумон мекунам сад сол боз чизе нахўрдаам. Гумон мекунам, ки дар шикамам аждаҳое макон кардаасту ҳама чизи мехўрдаи ман ба коми ў меравад… Баъзан беҳуш мешавам, духтарам мегўяд, ки очаҷон, ҳатто вақти беҳушият ҳам нон-нон мегўиву халос, як бор Худо гўй!...

Ин дам барқвор аз сарам суханони модарам гузаштанд, ки чанд рўз пеш аз маргашон гуфта буданд:

- Худоё аждаҳои нафсаш дилу ҷигарашро кашида хўрад...

Хонандаи азиз, мақсад аз номанигории ман ҳаргиз мазаммати касе нест, янгаам ба қавли модарам «Офати хонасўз» бошад ҳам, мехоҳам шифо ёфта, болои сари фарзандонаш соябонӣ кунад. Фақат мехоҳам ба ҷавонон бигўям, ки ҳаргиз барои моли дунё, хотири касеро наёзоред ва ба ҳақи каси дигар чашми тамаъ надўзед, зеро насиб намекунад! Дар ин даҳри дудара, аз инсон фақат некиву накӯкорӣ ёдгор мемонад…

Бо эҳтиром, МАРҲАМАТ

Таснифи ДИЛОШӮБ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД