СокинониДеоли (Раҷистон, Ҳиндустон) дар назди ибодатгоҳи шаҳр мору дусараро дида, ба ҳайрат омаданд. Муҳаққиқони табиати вуҳуш баъд аз муоинаи мори хокӣ ба хулосае омаданд, ки ханзандаи дарозияш 17,7 сантиметр наздики шаш моҳ умр дорад.
Айни замон мори дошташуда ба мамнунгоҳе ворид карда шудааст, ки дар он ҷо таҳти назорати қатъӣ қарор дорад. Нигоҳубини мори дусара кори душвор аст, хусусан агар хазанда мутеъ шудан нахоҳад.
Мушкили асосӣ дар он аст, ки ҳангоми хӯрокдиҳӣ ҳар ду каллаи хазанда бо якдигар рақобат менамоянд, зеро фаҳмида наметавонанд, ки ғизои истеъмолшуда ба як меъда ворид мегардад.