Шоҳкӯбро дар миёни морҳои ҷаҳон бузургтарин маҳсуб меёбад. Миқдори заҳраш ончунон зиёд аст, ки бо як неш задан метавонад филро ҳалок созад. Ҳамчунин, ин мор бо як ҳамла қудрати заҳролуд кардани 20 инсонро дорад.
Шоҳкӯбро дар байни ҳамаи морҳои заҳрдор дарозтарин аст. Вазнаш 12 кило буда, метавонад дар як соат 20 км ҳаракат кунад. Дарозиаш ба 5,6 метр баробар аст.
Бузургтарин намунаи ин мор соли 1937 аз Негри Сембилан дарёфт гардида, баъдан дар боғи ҳайвоноти Лондон нигоҳ дошта шуд, ки дарозии он беш аз 5 метр буд.
Шоҳкӯбро дар ҷангалҳои тропикии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (Ҳиндустон, Покистон, Индонезия ва Филиппин) мавҷуд аст. Умри ин мор зиёда аз 30 сол аст ва он дар тамоми умри худ афзоиш меёбад.