Formula novemver 2024
Морарӯс Қисми 2
23.08.2022
Нисо
2181

                         Морарӯс

Сомона аз рӯзи ба остонаи мо ҷадам ниҳоданаш ғайричашмдошти номаш бесомон буд, ӯ ману фарзандонамро чашми дидан надошт, нагӯяд ҳам аз нигоҳаш эҳсос мекардам, вале чизе намегуфтам. Ӯ рӯзи дароз фаҷат як кор дошт, рӯфтану озода намудани хонаи хоби худаш ва ҳавлӣ, дигар корҳо ҳамааш бар дӯши ман буд. Боре ман дар замин кор мекардаму хушдоманам ба ӯ гуфтааст, ки хӯрок пазад, аммо ӯ арӯсаки семоҳа ба хушдоманаш гап гардондааст. Ман сағераи нонхӯр надорам, ки хӯрок пазам, ба ману шавҳарам чор тухм кифоягӣ мекунад. Беҳрӯз баъди марги акааш то нисфи рӯз таксӣ мезаду баъди нисфирӯз дар мактаб дарс медод. Сомона бо дидани шавҳараш ҷобил мешуду ҳавлӣ меруфт, дастархон паҳн мекард, механдид, ба кӯдакони ман меҳрубон мешуд. Ростӣ, аз ин дурӯягии ӯ дар ҳайрат мешудам, аммо чизе намегуфтам. Холаам таъкидам мекард, ки тоҷат кун, заминро ҳамвор кардем, чӯбу тахта харидем, хона сохта мераванд. Барои ман фарҷ надошт, ки мемонанд ё мераванд, сарам хам аз пушти корҳои худам будам. Як рӯз писаронам барои ширинӣ бо ҳам ҷанг карданд, ман онҳоро халос кардаму дасту рӯяшонро шӯста, оромашон намуда гуфтам:

-Ҳозир ба амакат занг мезанам, як халта ширинӣ меорад. Наход барои як кулчаҷанд ба ҳам часпед, айб асте… Мунисакам Анисро нишон дода гуфт:

-Ман нисфашро ба додарам додам, аммо ӯ ҷаҳр карда, ба сари ман бо ҷошуҷ зад.

Ман Мунисро бӯсида, барои оромишаш такрор кардам, ҳоли акаш меёя… Ҳамин ваҷт Сомона, ки дар як гӯшаи кат нишаста, ӯсма мекашид, асабиёна фарёд зад:

-Чӣ ин ҷадар акаат биёяд, акаат биёяд мегӯӣ?! Акааш шавҳарат аст ё ӯро гирифтаиву ман дарак надорам?! Одама шавҳараш, ки мурд, аз хонаи хусуру хушдоман баромада меравад, умед ба хусуру ҳевар намебандад…

Аз ин таҳҷири морарӯс, ки неши сӯзандае бар ҷонам буд, худамро гум кардам ва мисли кӯдакон ҳунгос зада гиристам. Ҳамин ваҷт хусурам пайдо шуду сари ҷаҳру ғазабу сӯзиш гапҳои келини морзабонашро ба он кас гуфтам…

                                 Қасами хонасӯз

Хусурам худи ҳамон лаҳза Сомонаро ба мошинаш шинонда бурда, ба хонаи падараш монд ва гуфтааст, ки аз тани писарам сад талоҷаш кардам. Беҳрӯз занашро сахт дӯст медошт ва аз ин амали падараш хафа шуда гуфт:

-Падарҷон, шумо ҳаҷ надоред аз ҷойи ман зани маро талоҷ диҳед, шояд янгаам дурӯғ гӯяд,-хусурам бо ашки шашҷатор маро пуштибонӣ карду Беҳрӯз гуфт,- агар дар байни се моҳ хона сохта занамро наорам ӯ ба ман се талоҷ гашта бошад!

Инак, як моҳ мешавад, ки Сомона дар хонаашон аст, ҳеварам аз ҷаҳраш фаромадаву зиндагиямон мисли пештара идома дорад, аммо дар фикри хонасозӣ нест. Метарсам, ки ӯ дар ду моҳи дигар наметавонад хостаашро амалӣ кунад ва занаш се талоҷ мешавад…

Ростӣ, метарсам, дар зиндагӣ ба касе бадӣ накарда, ба ин ҷадар мусибат гирифтор шудам, намехоҳам хонаи мурчаяке вайрон шавад. Худо гирад, асаби вайрону дили шикастаи маро, кошки ба хусурам аз келини каждумзабони беандешааш шикоят намекардам. Азоби виҷдон шабу рӯз оромам намегузорад, ҳарчанд Сомона ба захми хуншори дилам ханҷол зад, вале хонавайронии ӯро намехохам.

Маҷсад аз навишати ин ҷисса дар он аст, ки дили зорам холӣ шавад, шояд ягон нафар аз хонандагони ҳафтавори «Оила» низ ба чунин ҳолат афтидаанду маслиҳаташонро аз ман дареғ намедоранд. Ё шояд ба морзабоне чун Сомона дарси ибрат мегардад?

 Зарин 

Таснифи Нисо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД