Formula september
Моҳи панҷуми ҳомиладорӣ
726

Модароне, ки дар моҳи панҷуми ҳомиладорӣ қарор доранд, ин давра  нисбат ба ҳафтаҳои аввал барояшон осон мешавад. Албатта шикам калон мешаваду ба пойҳою миёни зан вазнинӣ мекунад, аммо дилбеҳазурӣ, хобҳои бардавом, таъби хира ва асабоният қариб, ки намемонад. Ин давра мегузарад.

Акнун нисфи бордорӣ паси сар мешавад ва нисфи дигар оғоз мешавад. Дар ин муддат кӯдак дар шикам тамоман пурра мешавад. Системаи шунавоияш, чи дохилӣ ва чӣ берунӣ, инкишоф ёфтаву шакл гирифтааст. Ӯ акнун мешунавад ва ҳатто баъди якчанд муддат садоҳоро аз ҳамдигарӣ фарқ мекунад.

Дар ҳафтаҳои 16-18 узвҳои кӯдак шакл мегиранд. Агар писар бошад тухмдонҳову узвҳои берунааш намудор мешавад. Дар духтарон бачадону узвҳои ширдиҳӣ, ва инчунин узвҳои берунааш намудор мешавад. Ба ин хотир, духтуроне, ки дар УЗИ кор мекунад, ҷинсияти кудакро баъди 5 моҳагӣ аниқ мегӯянд. То ин давра аз рӯи пайкари кӯдак мегуянд ва он қадар аниқ нест. Аммо баъди 5 моҳагӣ дигар аниқ мешавад, ки зебоякамон шоҳдухтар аст ва ё шербача.

Дар панҷмоҳагӣ ба варзиши вазнин машғул шудан мумкин нест. Инчунин, бори вазнинро бардоштан ва ё ҳаракати тез намудан низ иҷозат нест. Кӯдак алакай 500 грамм шудааст ва ин вазни иловагӣ барои сутунмуҳраву пойҳои зан вазнинӣ мекунад.

Умуман, дар давраи ҳомиладорӣ обҳои газнок, нӯшокиҳои кафеиндошта ва красителҳои сунъӣ истеъмол кардан мумкин нест. Хӯроки солим ояндаи солимро барои кӯдак муҳайё менамояд. Ин диетаро дар тӯли ҳомиладарӣ риоя намудан лозим аст. Хӯрокҳои аз сабзавот омодашударо зиёд истеъмол намудан лозим аст.

Модар метавонад таппиши дили кӯдакро худаш ҳис намояд ва барои ин ба назди духтур рафтан шарт нест. Як дастро ба рӯи набзи худ гузораду дасти дигарро ба рӯи шикам гузорад, таппиши қалби кӯдакро ҳис кардан мумкин аст. Аммо, барои аниқ кардани саломатии худу кӯдак дар як моҳ як маротиба наздди духтури акушер-генеколог рафтан лозим аст. Ин барои ояндаи кӯдак низ таъсиргузор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД