Дар моҳи ҳаштуми ҳомиладорӣ барои ҳам модар ҳам кудак давраи ниҳоят муҳим ва душвор аст.
Аввалан бояд гуфт, ки ҳолати руҳии модар тамоан дигаргун ва дар бисёр ҳолат вайрон мешавад. Зани бордор бетоқат мешавад. Барои дидани рӯи фарзандаш ҳатто сонияҳоро мешуморад.
Ин моҳ барояш мисли як сол менамояд. Сабаби якумаш он аст, ки кудак калон мешавад ва чарх задану дар шикам ғунҷиданаш душвор мешавад. Шикам калон мешавад ма то қабурғаҳои модар пур мешавад.
Ҳам нафас кашиву хурокхӯрияш душвор мешавад. Бачадон меъдаро зер мекунад ва бо каме ғизои зиёдтар хӯрдан зардаҷуш пайдо мешавад, ки ниҳоят азияткунанда аст.
Сабаби дагари бетоқатшавии модар дар он аст, ки вазнин шудани шикам сутунмуҳра кашида мешавад ва он дарднок аст. Ҳамчунин зани бордор пешоби худро дошта наметавонад ва ин ҳам аз танг шудани ҷои пешобдон аст.
Дар ин моҳ кудак пурра ба ҳайёти мустақилона омода шудааст. Вале агар нобаҳангом тавлид шавад онро кудаки нопурра мегӯянд ва духтурон онро ба қуттии махсус нигоҳ медоранд ва нигоҳубини хосаро талаб менамояд.
Дар ин муддат алакай тифл дар батн барои таваллуд омода шудааст ва калаашро ба поён, яъне роҳи таваллуд рост мекунад.
Дар ин ҳангом баъзан вақт дардҳои таваллуд ҳам сар мезанад. Он кӯтоҳ аст. Вале агар дардҳо зиёд шаванд бояд ҳатман ба духтур муроҷиат намуд. Духтурон пеши роҳи барвақттаваллудшавиро мегиранд. Агар кудак дар ин давра барои таваллуд омода нашавад, ҷои нигаронӣ надорад, чунки кудак метавонад як ҳафта пеш аз таваллуд ба роҳи таваллуд рост шавад.
Ҷунбиши кудак дар ҳаштмоҳагӣ ниҳоят маълум аст. Ҳатто аз беруни шикам низ намудор мегардад. Дар бисёр вақт ҳаракати кудак ба вақти истироҳати модар рост меояд. Ҳамин ки модар пойҳояшро дароз карда нафасҳои ором мекашад, кудаки дарун ба футбол кардан шуруъ мекунад...
Андозаи шикам калон мешавад. Ба вазни модар то 8-12 кг илова мешавад
Мисли дигар моҳҳо модар эҳтиётро бояд аз даст надиҳад ва кушиш кунад ки зуком нашавад. Ин ниҳоят хатарнок аст. Алоқаи ҷинсӣ иҷозат дода шудааст, аммо ин аммалро камтар анҷо додан лозим. Метавонад инфексия ва ё ягон бактерияро вориди бачадон намояд.
Моҳи ҳаштум барои ба таваллуд тайёр шудан давраи хуб аст. метавон руйхати чизҳои лозимаро гирифта сӯи мағоза рафт.