Дар Бухоро як модар кӯдаки 3-рӯзаашро дар кӯча партофтааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ ититлоъ доданд.
Гуфта шуд, ки ӯ кӯдакро, ки дар як халта андохта, дар Бемористони марказии вилояти Қарокӯл гузошта шуда буд. Маъмурони полис, ки дар ин минтақа навбатдорӣ мекарданд, ӯро пайдо кардаанд.
Маълум шуд, ки модари кӯдак як зани 28-сола буда, тифли серӯзаашро дар кӯчаи ноҳияи Қарокӯл партофтааст.
Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса рӯзи 8 август рух додааст. Соати 01:30 корманди ШВКД Шаҳзод Саидов ва нозири профилактикӣ Ҳабиб Абдураҳмонов, ки шабона дар маркази ноҳияи Қарокӯл посбонӣ мекарданд, гиряи кӯдакро шуниданд. Пас аз муоинаи гирду атроф маълум шуд, ки тифли тахминан 3-5 рӯза дар халтача дар девори беморхона хобидааст.
Кӯдакро кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фавран дар шӯъбаи кӯдаконаи иттиҳодияи тиббии ноҳия ҷойгир карда, ба ӯ ёрии зарурӣ расониданд.
Кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ зимни тафтиш маълум карданд, ки писарбача дар хона аз ҷониби шаҳрванд Б.З. соли таваллудаш 1995, сокини маҳаллаи Мироб ба дунё омадааст. Зан пас аз таваллуд кӯдаки худро дар халтаи сабз андохта, ба девори беморхона гузоштааст.
Дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома доранд.