Formula novemver 2024
Модари бемор, фарзанди зиндаятим ва дарди дили Зӯҳрои гирён
1444
Модари бемор, фарзанди зиндаятим ва дарди дили Зӯҳрои гирён


Зӯҳро Машрабова сокини деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун буда, ҳаёти сахту сангинеро ба сар мебарад.

Аз рӯйи нақли худаш, волидонаш чанд сол қабл аз ҳам ҷудо шуда, модараш низ ба мисли худи Зӯҳро бевазан мебошад. Онҳо дар оила 9 фарзанд бошанд ҳам, писаронро падар ҷониби худ кашида, бо модар ва хоҳаронашон тамоман робита надоранд.

Зӯҳро мегӯяд, модараш ба хотири бо обрӯ ба шавҳар додани 5 духтари падардори бе падараш аз мардум қарзу қаволаи зиёде намуда, билхира ба гирдоби қарз ғӯтид ва маҷбур шудан д, ки хонаашро фурӯхтаву ба болояш аз бонк қарз гирифта, аз ҷангу ҷанҷоли қарздорон, ки ҳар рӯз ба сарашон меомаданд, халос шаванд.
Ҳамин тавр модар бо 5 духтараш дар кӯча мондааст. Апаҳояш шавҳар карда, ҳоло бо зиндагии худашон овора ҳастанд, вале бахт ба рӯйи Зӯҳро нахандида, шавҳараш думболи зани дигареро гирифту ӯро бо ду фарзанд талоқ дода, аз дар берун кард.

Аз сабаби бехонагӣ духтари Зӯҳро дар тарбияи падар ва бобову бибии падариаш аст, писарашро бошад, худаш бо азобҳои алим калон карда истодааст. Зӯҳро бисёр мехоҳад, ки ҳарду фарзандаш дар канораш бошанд, вале бо сабаби бехонагӣ духтарашро ба ӯ намедиҳанд.


Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, модараш бемор аст ва ҷавонзан намедонад барои табобати модари ҷафокашидааш аз куҷо пул ёбад. Маблағи ночизе, ки Зӯҳро аз косашӯиву кор дар полез меёбад, ҳатто ба хӯрду хӯрокашон намерасад, бар замми ин, ҳар моҳ бояд қарзи бонкро пардохт намояд.

Зӯҳро Машрабова бо умед ба Оила. ТЧ муроҷиат намудааст, ки шояд муштариёни сомона барои ризои худованд дасти ӯ ва модари бемору фарзанди зиндаятимашро гирифта, ба онҳо ёрӣ мерасонанд.

Шахсоне, ки мехоҳанд ба Зӯҳро ва модару фарзандаш кӯмак расонанд, метавонанд хайрияи худро ба корти бонкии 5058 5704 2161 9437 (корти миллӣ аз Эсхата) гузаронанд. Корт бо рақами телефони 93-557-32-33 пайваст мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД